Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 4:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

22 медонед, ки бояд аз тарзи зиндагии пештара ва аз табиати куҳнаи худ, ки ба фиреби ҳавасҳои шаҳвонӣ гирифтор шуда, торафт нобуд мегашт, даст кашед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 4:22
27 Iomraidhean Croise  

Агар ба Қодир руҷӯъ намоӣ, бино хоҳӣ ёфт, ба шарте ки ноинсофиро аз хаймаи худ дур созӣ,


Шарир музди ноҳақ пайдо мекунад, вале корандаи адолат — подоши ҳақиқӣ.


Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст; кист, ки онро тавонад дарк кунад?


Эй, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ ва қуллаи теппаро ишғол намудаӣ, ҳайбати ту ва шарорати дили ту туро фирефта кардааст, лекин агарчи ту лонаи худро мисли уқобе баланд сохтаӣ, Ман туро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард, — мегӯяд Худованд.


Такаббури дилат туро фирефта кардааст; ту, ки дар шикофҳои сахра сокин ҳастӣ, ва масканат дар макони баланд аст, дар дили худ мегӯӣ: „Кист, ки маро ба замин фурӯд оварад?“


Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ маслуб шудааст, то ки чисми пургуноҳ ботил гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем;


Чунки гуноҳ, бо баҳонаи ҳукми шариат, маро фиреб дод ва ба воситаи он кушт.


Аммо тарси он дорам, ки чӣ тавре ки мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд, ҳамон тавр афкори шумо низ фосид шуда, аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳад тофт.


Зеро шумо тарзи ҳаёти пештараи маро дар миёни яҳудиён шунидаед, ки ман Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамудам, ва онро несту нобуд мекардам,


Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.


Пас, чунин мегӯям ва дар Худованд шаҳодат медиҳам, ки шумо дигар он тавр рафтор накунед, ки бутпарастон аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд.


Бинобар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми яқдигарем.


Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарьёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад;


Ва дар Ӯ шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад,


Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем.


Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон‐давон тай кунем


Балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки «имрӯз» гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, саҳтдил нашавад.


Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.


Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст, ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд, — диндории вай бефоида аст.


Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед,


Шумо дар замони гузашта ба андозаи кофӣ мисли халқҳо рафтор кардаед, ба нопокиҳо ва ҳавасҳо, ба мастигарӣ, ба ифроткорӣ дар хӯрдан ва нӯшидан ва ба бутпарастии зишт дода шудаед.


Ва подоши шарорати худро хоҳанд ёфт, зеро ки айшу нӯши ҳаррӯзаро барои худ роҳат медонанд; онҳо, ки беҳаё ва қабоҳаткор ҳастанд, аз ҳуққабозиҳои худ лаззат мебаранд, ҳангоме ки бо шумо айшу ишрат мекунанд.


Ва Лути одилро, ки аз рафтори фосиқонаи шарирон ба танг омада буд, раҳо кард, —


Ва Элӣ ба вай гуфт: «То ба кай маст мешавӣ? Шаробро аз худ дур кун».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan