Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 4:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд, ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

18 Азбаски ақлашон тира гаштааст, онҳо барои ҳаёте, ки аз ҷониби Худо дода мешавад, бегонаанд, чунки кундфаҳму гарданшах гаштаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 4:18
34 Iomraidhean Croise  

Ва бар ин кӯҳ рӯпӯшеро, ки бар ҳамаи қавмон пӯшонида шудааст, ва пардаеро, ки бар ҳамаи халқҳо густурда шудааст, барҳам хоҳад дод;


То хонадони Исроил бо дили худ фаҳм кунанд, ки ҳамаашон ба воситаи бутҳои худ аз Ман дур шудаанд“.


Вале вақте ки дилаш пурғурур ва рӯҳаш барои бадкорӣ сахт шуд, ӯ аз тахти салтанати худ сарнагун гардида, ҷалолаш аз ӯ гирифта шуд,


Ва шутурмурғ, ва бум, ва моҳихӯрак, ва қарчиғай бо зоти он,


Зеро ки дили ин мардум сангин ва гӯшҳошон вазнин шудааст, ва чашмони худро бастаанд, мабодо бо чашмон бубинанд ва бо гӯшҳо бишнаванд ва бо дилҳо бифаҳманд ва руҷӯъ кунанд, ва Ман онҳоро шифо диҳам“.


Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.


«Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷӯъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам».


Хуллас, ҳоло Худо аз замонҳои ҷаҳолат сарфи назар карда, дар ҳар ҷо ба ҳамаи одамон амр мефармояд, ки тавба кунанд;


Лекин, эй бародарон, медонам, ки шумо, мисли сардорони худ, ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед;


Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шиноҳтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,


Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо, худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вақте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд,


Пас чӣ гӯем? Исроил он чиро, ки толиб буд, ба даст наовард. Аммо баргузидагон ба даст оварданд, ва касони боқӣ сангдил шуданд,


Ва яқин дорӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони зулмот,


Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, — Худо салоҳ донист, ки ба воситам ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад.


Ки онро ҳеҷ яке аз мирони ин ҷаҳон надонист; зеро, агар медонистанд, Худованди ҷалолро маслуб намекарданд.


Аммо зеҳни онҳо кунд шудааст: зеро ки то имрӯз ҳангоми хондани Аҳди Қадим ҳамон парда боқӣ мондааст ва бардошта нашудааст, чунки он фақат дар Масеҳ ботил мешавад.


Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.


Лекин дар он замон, ки Худоро намешинохтед, шумо онҳоеро ибодат мекардед, ки аслан худо набуданд;


Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед.


Дар он замон шумо бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил ҷудо ва нисбат ба аҳдҳои ваъда бегона будед, дар олам бе умед ва бе Худо будед.


Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед,


На дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд;


Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамҳорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,


Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.


Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.


Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед,


Вале касе ки аз бародари ҳуд нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кӯр кардааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan