Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 4:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

12 Вазифаи онҳо халқи Худоро ба иҷрои кори Худо тайёр намудан аст, то ки бо хидмати онҳо ҷамоати имондорон, ки бадани Масеҳ аст, инкишоф ёбад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 4:12
45 Iomraidhean Croise  

Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷӯъ намуда, бародарони худро устувор гардон».


Вай ба мо мансуб гардида, насибе дар ин ҳизмат ёфт;


То ки вай насиби ин хизмат ва ҳаввориятро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст».


Чун расид, файзи Худоро дида, шод шуд, ва ҳамаро насиҳат кард, ки аз самими қалб ба Худованд бичаспанд;


Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он ҳизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.


Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.


Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд.


Ҳамчунин мо, ки бисьёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем;


Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорӣ машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад;


Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва тақвияти якдигар саъю кӯшиш кунем.


Худи ман ҳам, эй бародарон, бар шумо эътимод дорам, ки шумо низ пур аз файз ва саршор аз ҳар гуна дониш мебошед ва якдигарро насиҳат карда метавонед.


Ҳар яке аз мо бигзор толиби роҳати ёри худ бошад дар он чи бар нафъи вай ва барои тақвияти вай аст.


Ва яқин дорам, ки ҳар гоҳ назди шумо биёям, бо баракати пурраи башорати Масеҳ хоҳам омад.


Шумо бадани Масеҳ ҳастед, вале ҷудо‐ҷудо узвҳои Ӯ мебошед.


Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рӯҳ барои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешавад:


Ҳамчунин шумо, ки иштиёқманди бахшоишҳои рӯҳонӣ ҳастед, саъю кӯшиш намоед, ки аз онҳо барои ободии калисо бой шавед.


Зеро, вақте ки ман ба забоне дуо мегӯям, рӯҳам дуо мегӯяд, лекин ақлам бе самар мемонад.


Пас, эй бародарон, чӣ бояд кард? Вақте ки шумо ҷамъ мешавед, ва ҳар яке аз шумо таронае аз Забур, ё насиҳате, ё забоне, ё ваҳйе, ё тафсире дорад, — бигзор ҳамааш барои обод кардан бошад.


Оё гумон доред, ки мо худро пеши шумо сафед карда истодаем? Мо ба ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй маҳбубонам, барои ибрат гирифтани шумост.


Хуллас, эй бародарон, шод бошед! Комил шавед, тасалло ёбед, якдил бошед, осоиштагиро ҳифз намоед, — ва Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.


Зеро шодӣ мекунем, вақте ки мо заиф ҳастем, вале шумо боқувват; ва барои ҳамин, яъне дар хусуси комил шуданатон, мо дуо мегӯем.


Пас оё хизмати Рӯҳ ҷалоли зиёдтаре надорад?


Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;


Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд,


Дар ҳеҷ чиз мо мамониат намерасонем, то ки хизмати мо ба мазаммат дучор нашавад,


Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.


Ки он Бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.


Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.


Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад.


Як Бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед;


Алҳол дар уқубатҳои худ барои шумо шодмонам ва камии андӯҳҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои Бадани Ӯ, ки Калисост, пур мекунам,


Ва Ӯро мо мавъиза намуда, ба ҳар кас мефаҳмонем ва ба ҳар кас ҳар ҳикматро ёд медиҳем, то ки ҳар касро дар Исои Масеҳ комил гардонда ҳозир кунем;


Ба Архипус бигӯед: «Бохабар бош, то он хизматеро, ки дар Худованд ба зиммаи худ гирифтаӣ, ба ҷо оварӣ».


Исои Масеҳи Худованди моро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста, ба хизматгузорӣ таъин намуд, —


Марқӯсро гирифта ҳамроҳат биёр, зеро ки ба ман барои хизматам муфид аст.


Аммо ту дар ҳама чиз ҳушьёр бош ва уқубат кашида, кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати ҳудро иҷро намо.


Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест.


Бинобар ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan