Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 3:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Инчунин ба ман ато шудааст, ки нақшаи ҳамон сирри Худоро, ки Ӯ, Офарандаи ҳама чиз аз асрҳои пеш пинҳон нигоҳ медошт, ба ҳама равшан гардонам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 3:9
38 Iomraidhean Croise  

Сӯи Ӯ нигоҳ карданд ва мунаввар гардиданд, ва чеҳраҳошон хиҷил нашуд.


Худованд, ки Раҳокунандаи туст, ва туро аз батн ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд: «Ман Худованд ҳастам, ки ҳама чизро ба амал овардаам, афлокро ба танҳоӣ паҳн кардаам, заминро густурдаам; кист, ки он вақт бо Ман бошад?»


Он чи дар торикӣ ба шумо мегӯям, дар рӯшноӣ бигӯед; ва он чи дар гӯш мешунавед, дар болои бомҳо мавъиза кунед.


То ба амал ояд каломе ки бо забони набӣ гуфта шудааст: «Даҳони Худро ба масалҳо мекушоям; чизҳоеро, ки аз офариниши олам пинҳон мондааст, баён менамоям».


Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Биёед, эй баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред:


Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед,


Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад;


Ман ва Падар як ҳастем».


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам».


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бубинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро ки он чи Ӯ мекунад, Писар низ мекунад.


Ба Худо ҳамаи корҳояш абадан маълум аст.


Зеро, эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо, худро доно пиндошта, аз чунин сир бехабар монед, ки як қисми Исроил ба сангдилӣ гирифтор шудааст то вақте ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён дохил шаванд,


Балки дар бораи ҳикмати Худо маҳрамона сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо аз азал барои ҷалоли мо муқаррар кардааст,


Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем.


Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед,


Барои ман низ дуо гӯед, то ба ман калом ато шавад, ки даҳон кушода, сирри башоратро боҷуръат баён намоям,


Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.


Яъне он сирро, ки асрҳои аср аз наслҳо ниҳон буд ва ҳоло ба муқаддасони Ӯ ошкор шудааст,


Зеро ки шумо мурдаед, ва ҳаёти шумо бо Масеҳ дар Худо ниҳон аст:


Дар ҳаққи мо низ дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандӣ ҳастам, баён намоем,


Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст.


Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.


Ки Ӯ моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст,


Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.


Ба умеди ҳаёти ҷовидонӣ, ки Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд, онро аз азал ваъда кардааст,


Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст,


Ва ҳамаи сокинони замин вайро ибодат хоҳанд кард, ҷуз онҳое ки номҳошон дар дафтари ҳаёти Барра, ки аз офариниши олам забҳ шуда буд, навишта шудааст.


Ва фариштаи дигаре дидам, ки дар миёнаи осмон парвоз мекунад ва Инҷили абадӣ дорад, то ки ба сокинони замин ва ба ҳар қабила ва сибт, ва забон ва қавм башорат диҳад;


Он ҳайвони ваҳшӣ, ки ту дидӣ, буд ва нест; ва аз варта хоҳад баромад ва ба сӯи ҳалокат хоҳад рафт; ва он сокинони замин, ки номҳошон аз ибтидои ҷаҳон дар дафтари ҳаёт навишта нашудааст, аз дидани ҳайвони ваҳшие ки буд ва нест ва зоҳир хоҳад шуд, дар ҳайрат хоҳанд афтод.


«Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan