Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 3:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ман бар тибқи бахшоиши файзи Худо, ки ба ҳасби амали қуввати Ӯ ба ман ато шудааст, хизматгузори он гардидаам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

7 Барои эълон кардани ана ҳамин хушхабар ман хизматгузори Худо гаштаам. Ин хизмат бароям ҳамчун файзу баракати Худо ва бо қудрати бузурги Ӯ ато шудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 3:7
22 Iomraidhean Croise  

Аз имрӯз низ Ман ҳамонам, ва касе нест, ки аз дасти Ман раҳо кунад: Ман амал хоҳам кард, ва кист, ки инро ботил намояд?»


Аммо Худованд ба вай гуфт: «Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқхо ва подшоҳон ва банӣ‐Исроил эълон намояд;


Ки ба воситаи Ӯ мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем, то ки ба хотири исми Ӯ ҳамаи халқҳоро ба итоати имон дароварем,


Зеро ба ҳасби файзе ки ба ман ато шудааст, ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед.


Барои он ки дар миёни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.


Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ дар ман бар абас набуд, лекин ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст.


Пас, Павлус кист? Ва Апӯллӯс кист? Онҳо фақат ходимоне ҳастанд, ки ба воситаи онҳо шумо имон овардаед, ва ҳар яке ба андозае ки Худованд ба вай ато кардааст.


Ки Ӯ ба мо лаёқат бахшидааст, ки хизматгузорони Аҳди Ҷадид бошем, на бар тибқи ҳарф, балки бар тибқи Рӯҳ, зеро ки ҳарф мекушад, аммо Рӯҳ зинда мекунад.


Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;


Зеро Он ки ба Петрус дар ҳавворияташ назди махтунон мадад карда буд, ба ман низ назди халқҳо мадад кардааст, —


Ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими Ӯст,


Ҳамаи шумо дар бораи ваколати файзи Худо, ки ба ман барои шумо ато шудааст, шунидаед,


Ӯро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, —


Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам


Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.


Барои ҳамин ҳам ман меҳнат мекунам ва бо таъсири куввати Ӯ, ки дар ман қодирона амал мекунад, ҷидду ҷаҳд менамоям.


Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.


Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan