Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 3:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Он дар наслҳои пешина ба банӣ‐одам маълум нашуда буд, чунон ки ҳоло ба ҳаввориёни муқаддаси Ӯ ва ба анбиё ба василаи Рӯҳ ошкор шудааст,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

5 Ин сир, ки ба одамони гузашта номаълум монда буд, ҳоло ба воситаи Рӯҳулқудс ба пайғамбарон ва фиристодагони муқаддаси Худо ошкор гаштааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 3:5
24 Iomraidhean Croise  

Ончунон Ӯ халқҳои зиёдро дар ҳайрат хоҳад андохт; подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст, зеро он чиро, ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд, хоҳанд дид, ва он чиро, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид.


Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва одилон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд ва нашуниданд.


Ба вай гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“.


Бинобар ин, инак, Ман назди шумо анбиё ва хукамо ва китобдононро мефиристам; ва шумо баъзеро хоҳед кушт ва маслуб хоҳед кард, ва баъзеро дар куништҳои худ тозиёна зада, аз шаҳре ба шаҳре хоҳед ронд;


Зеро ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд, ва нашуниданд».


Барои ҳамин ҳам ҳикмати Худо гуфтааст: „Ба наздашон анбиё ва ҳаввориёнро мефиристам, ва аз онҳо баъзеро хоҳанд кушт, ва баъзеро таъқиб хоҳанд кард“;


Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.


Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ раҳнамоӣ ҳоҳад кард; зеро ки аз Худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо ҳабар хоҳад дод.


Ба онҳо гуфт: «Шумо ҳуб медонед, ки ба яҳудӣ бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудан мамнӯъ аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам;


Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст; зеро ки Рӯҳ ҳама чизро, ҳатто умқҳои Худоро пай мебарад.


Ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст.


Ва ба ҳама равшан намоям, ки чист ваколати сирре ки аз азал ниҳон буд дар Худое ки ҳама чизро ба василаи Исои Масеҳ ба вуҷуд овард,


То шумо ба ҳотир оваред суханонеро, ки пештар анбиёи муқаддас гуфтаанд, ва ҳукми Худованд ва Наҷотдиҳандаро, ки ҳаввориён ба шумо супурдаанд.


Аммо шумо, эй маҳбубон, суханонеро ба ҳотир оваред, ки пештар ҳаввориёни Исои Масеҳи Худованди мо гуфтаанд:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan