Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 3:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

19 Дуо мекунам, ки муҳаббати Масеҳро низ, ки бо ақл фаҳмида намешавад, дарк кунед, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 3:19
24 Iomraidhean Croise  

Ва тирҳои Худро фиристода, онҳоро пароканда намуд, ва барқҳо андохта, онҳоро ҳаросон кард.


Зеро ки онҳо бо шамшери худ заминро мусаххар накардаанд, ва онҳоро бозуи онҳо наҷот надодааст, балки ямини Ту ва бозуи Ту ва нури рӯи Ту, зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту бар онҳо буд.


Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд.


Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем;


Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.


Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо мекунад? Оё андӯҳ, ё фалокат, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер?


На баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.


Зеро муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд, ки чунин муҳокима ронем: Яке барои ҳама мурд, пас ҳама мурданд.


Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард.


Ки он Бадани Ӯст, пуррагии Ӯст, ки ҳама чизро дар ҳама пур мекунад.


То ки шумо, дар муҳаббат реша давонда ва устувор шуда, битавонед бо ҳамаи муқаддасон пай бурда дарк намоед, ки чист арзу тӯл ва умқу баландии


Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.


Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд,


Чунон ки маро лозим аст дар бораи ҳамаи шумо ҳамин тавр фикр кунам, чунки шумо дар дили ман ҷойгир шудаед, ки ҳам дар занҷирҳоям ва ҳам дар муҳофизат ва барқарор кардани башорат ҳамаатон шарики ман дар файз ҳастед.


Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.


Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,


Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед


Балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan