Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 3:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам шавед,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 дуо мекунам, ки аз рӯйи сарвати пуршукӯҳаш бо Рӯҳи Худ ба шумо қудрат бахшида, шуморо рӯҳан боқувват кунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 3:16
28 Iomraidhean Croise  

Оё бо қуввати азими Худ бо ман ҷидол менамуд? Не! Балки ба ман диққат медод.


Атвор ва кирдори маро санҷидаӣ, ва ҳамаи роҳҳоям ба Ту маълум аст.


Овози Худованд биёбонро меларзонад; Худованд биёбони Қодешро меларзонад.


Натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.


Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, — мегӯяд Худованд: — шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд,


Ва онҳоро дар Худованд тақвият хоҳам намуд, ва онҳо ба исми Ӯ рафтор хоҳанд кард», мегӯяд Худованд.


Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ; зеро ки Малакут ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин“.


Балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин ҷунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил ба ҳасби рӯҳ, на ин ки ба ҳасби ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ҳамди чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.


Зеро ки ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам,


То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад.


Ҳушьёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед;


Вале ба ман гуфт: «Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад». Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад.


Бинобар ин мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад.


Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст,


Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,


То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.


Ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад,


Агарчи ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам, ин файз ба ман ато шудааст, ки сарвати беқиёси Масеҳро ба халқҳо башорат диҳам


Ниҳоят, эй бародаронам, дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ неруманд шавед.


Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро кувват мебахшад.


Ва Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли Худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард.


Ва бар тибқи иқтидори ҷалоли Ӯ бо тамоми қувват мустаҳкам шавед, то ки бо шодӣ дорои ҳар сабот ва сабр бошед,


Ки ба онҳо Худо таваҷҷӯҳ намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам, ва он сир ин аст, ки Масеҳ дар шумо умеди ҷалол аст,


То ки дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад, барои ҳар сарвати фаҳми комил, то сирри Худо ва Падар ва Масеҳро бидонанд,


Аммо Худованд ёри ман буд ва маро қавӣ кард, то ки ба воситаи ман башорат тамоман эълон гардад, ва ҳамаи халқҳо онро бишнаванд; ва ман аз даҳони шер раҳо шудам.


Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз заъф боқувват шуданд, дар ҷанг қавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;


Балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan