Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 3:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ки аз Ӯ ҳар хонавода дар осмон ва бар замин ном мегирад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 3:15
13 Iomraidhean Croise  

Ва номи худро дар миёни баргузидагони Ман барои лаънат боқӣ хоҳед гузошт; ва Худованд Худо туро ба қатл хоҳад расонид, ва бандагони Худро ба исми дигар хоҳад номид.


Дар он айём Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Ерусалим дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исме ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.


Тамоми сол онҳо дар калисо ҷамъ мешуданд ва мардуми бисьёрро таълим медоданд, ва шогирдон аввалин бор дар Антиёхия масеҳӣ номида шуданд.


Вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ хоҳад кард.


Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар номе ки на танҳо дар ин олам, балки дар олами оянда низ хонда мешавад,


Бинобар ин ман зону мезанам назди Падари Худованди мо Исои Масеҳ,


Ва илтимос мекунам, ки Худо бар тибқи сарвати ҷалоли Худ ато фармояд, ки шумо бо Рӯҳи Ӯ дар одами ботин қавӣ ва мустаҳкам шавед,


Ва ба воситаи Ӯ ҳама чизро бо Худ оштӣ дода, бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намояд, яъне он чиро, ки бар замин аст, ва он чиро, ки дар осмон аст, ба василаи Ӯ оштӣ диҳад.


Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки аз манни ниҳонӣ бихӯрад; ва ба вай санги сафеде хоҳам дод, ва бар ин санг исми наве навишта шудааст, ки онро ҳеҷ кас намедонад, ҷуз касе ки онро гирифтааст“».


Касе ки ғолиб ояд, вайро дар маъбади Худои Худ рукне хоҳам гардонд, ва дигар вай берун нахоҳад рафт; ва исми Худои Худро ва исми шаҳри Худои Худро, яъне Ерусалими навро, ки аз осмон аз ҷониби Худои Ман нузул мекунад, ва исми нави Худро бар вай хоҳам навишт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan