Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 3:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Ба ин сабаб хоҳишмандам, ки аз боиси азобе ки ман аз барои шумо дорам, маъюс нашавед, ки он фахри шумост.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

13 Бино бар ин, илтимос мекунам, ки аз сабаби азобу уқубате, ки ман ба хотири шумо мекашам, рӯҳафтода нашавед, чунки он боиси обрӯйи шумо мебошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 3:13
14 Iomraidhean Croise  

Дар он рӯз ба Ерусалим гуфта хоҳад шуд: «Натарс!» ва ба Сион: «Бигзор дастҳоят суст нашавад!»


Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки «дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисьёр дохили Малакути Худо гардем».


Агар андӯҳгин шавем, ин барои тасалло ва наҷоти шумост, ки он ба воситаи дидани ҳамон уқубатҳое ба амал меояд, ки мо ҳам онҳоро аз сар мегузаронем; ва агар тасалло ёбем, ин ҳам барои тасалло ва наҷоти шумост;


Бинобар ин мо, ки дорои чунин хизмат ҳастем, ки он аз рӯи марҳамат ба мо ато шудааст, ноумед намешавем;


Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.


Барои ҳамин ҳам ман, Павлус, ба хотири шумо, халқҳо, бандии Исои Масеҳ ҳастам.


Ва ба онҳо гӯяд: „Бишнав, эй Исроил! Шумо имрӯз ба ҷанги зидди душманони худ шурӯъ менамоед; бигзор дили шумо суст нашавад, натарсед ва воҳима накунед ва аз онҳо ба ҳарос наафтед;


Шумо низ аз ин шод бошед ва бо ман шодӣ кунед.


Алҳол дар уқубатҳои худ барои шумо шодмонам ва камии андӯҳҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои Бадани Ӯ, ки Калисост, пур мекунам,


Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan