Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 2:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

8-9 Охир, шумо аз рӯйи файзу баракати Худо ба воситаи имонатон наҷот ёфтаед. Яъне наҷот на маҳсули кори шумо асту на натиҷаи кирдору рафторатон, балки туҳфаи Худост. Бино бар ин, ҳеҷ кас фахр карда наметавонад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 2:8
40 Iomraidhean Croise  

Ва Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Хушо ту, эй Шимъӯн писари Юнус, чунки башар инро ба ту зоҳир накардааст, балки Падари Ман, ки дар осмон аст.


Онҳое ки қариби соати ёздаҳум омада буданд, ҳар яке диноре гирифтанд.


Ҳар кӣ имон оварда, таъмид ёбад, наҷот ҳоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.


Ӯ ба он зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав».


Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад».


Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: „Ба Ман барои нӯшидан об деҳ“, холо худат аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».


Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.


Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.


Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.


Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард».


Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳам кард.


Ва гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад».


а аз ҳар чизе ки ба василаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба василаи Ӯ сафед хоҳад шуд.


Чун расиданд, аҳли калисоро ҷамъ оварда, аз он чи Худо бо онҳо ба амал оварда буд ва чӣ гуна Ӯ дарвозаи имонро ба рӯи гайрияҳудиён кушода буд, нақл карданд;


Лекин мо ба файзи Исои Масеҳи Худованд зътиқод дорем ва наҷот меёбем, ҳамчунон ки онҳо низ».


Лидия ном занаки худопарасти арғувонфурӯш, ки аз шаҳри Тиётира буд, гуфтугӯи моро гӯш мекард; Худованд дили ӯро кушода буд, то ки суҳанони Павлусро бишнавад.


Гуфтанд: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт».


Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?


Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи каломи Худост.


Бинобар ин мувофиқи имон аст, то ки мувофиқи файз бошад, барои он ки ваъда ба тамоми насли Иброҳим, на фақат ба насли мувофиқи шариат, балки ба насли мувофиқи имони ӯ низ таъмин шавад, ки ӯ падари ҳамаи мост,


Лекин барои касе ки амал намекунад, балки имон меоварад ба Он ки осиёнро сафед мекунад, имонаш адолат ҳисоб карда мешавад.


Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост.


То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рӯҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем.


Аммо Навиштаҳо ҳама чизро зери дасти гуноҳ банд кардааст, то ки ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ваъда ба имондорон ато шавад.


Ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими Ӯст,


Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.


Моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, — бо файз шумо наҷот ёфтаед, —


Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ уқубат ҳам кашед,


Ки бо Ӯ дар таъмид дафн шудаед ва дар Ӯ эҳьё шудаед ба василаи имон ба қуввати Худо, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кард,


Онҳо гирифтори ҷазои ҳалокати абадӣ гардида, аз ҳузури Худованд ва ҷалоли қудрати Ӯ маҳрум хоҳанд шуд


Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рӯҳулқудс гардидаанд,


Ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan