Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 2:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Бар Ӯ тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

21 Бо Ӯ ҳамаи имондорон ба монанди иморат, бо ҳам пайваст шуда, торафт маъбаде мешаванд, ки ба Худованд бахшида шудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 2:21
12 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки хона бино меёфт, он аз сангҳои яклухте ки тарошида оварда буданд, бино ёфт, ва садои болға ва табар ва ҳар олати оҳанин дар вақти бино ёфтани хона шунида нашуд.


Қавми Туро, эй Худованд, поймол месозанд, ва бар мероси Ту зулм мекунанд.


Ва мисли дарҳои даромади утоқҳои самти ҷанубӣ даре бар сари роҳ буд, бар сари роҳе ки пеши девори сарбастаи шарқӣ буд, ва мардум бо ин роҳ омада дохил мешуданд.


Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.


Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.


Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо куввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.


Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чӣ гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan