Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 2:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 ва ин ҳар дуро ба як тан пайванд намуда, ба воситаи марг дар салиб душманиро аз байн бараду моро пеши Худо баргардонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 2:16
14 Iomraidhean Croise  

Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, — пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт;


Зеро медонем, ки инсони кӯҳнаи мо бо Ӯ маслуб шудааст, то ки чисми пургуноҳ ботил гардад, ва мо дигар бандагони гуноҳ набошем;


Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,


Чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост, зеро ки ба шариати Худо итоат намекунад ва наметавонад итоат кунад.


Чунон ки нон яктост, мо низ, ки бисьёрем, як тан ҳастем, зеро ки ҳамаамон аз як нон ҳиссае мегирем.


Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард.


Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд,


Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд.


Як Бадан ҳаст ва як Рӯҳ, чунон ки шумо низ ба як умеди муайян даъват шудаед;


Ва он дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард,


Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan