15 Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд,
Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд, ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.
Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.
Лекин тамоми аҳли аъмоли шариат зери дасти лаънат мебошанд; зеро ки навишта шудааст: «Малъун аст ҳар касе ки ҳар чизи дар китоби шариат навишташударо доимо ба ҷо намеоварад».
Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.
Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав.
Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.
Зеро ки Ӯ осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне адоватро дар Бадани Худ хароб кард,
Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад.
Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.
Ва он дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард,
Агар шумо бо Масеҳ нисбат ба аносири ҷаҳон мурда бошед, пас чаро, мисли онҳое ки дар ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, фароизи:
Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офаринандаи худ нав мешавад,
Ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на номахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст.
Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед.
Ки вай на бар тибқи қонуни як мизони ҷисмонӣ, балки ба ҳасби қуввати як ҳаёти бепоён чунин шуда бошад.
Бо гуфтани «аҳди ҷадид» Ӯ қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кӯҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.
Пас, тимсоли чизҳои осмонӣ мебоист бо ин воситаҳо татҳир меёфт, аммо худи чизҳои осмонӣ — бо қурбониҳои хубтар аз инҳо.