Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 2:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Пас, дар хотир дошта бошед, ки як вақте ба ҳасби ҷисм шумо халқҳо будед, ва касоне ки махтун номида мешаванд, шуморо номахтун меномиданд, вале хатнаи онҳо ҷисмонист ва бо дасти инсон ба амал оварда шудааст;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

11 Пас фаромӯш накунед, ки як вақт яҳудиён, ки аз хатна шуданашон фахр мекунанд, шуморо халқҳои хатнанашуда меномиданд, чунки шумо ҳамчун ғайрияҳудӣ ба дунё омадед. Ҳол он ки хатнаи яҳудиён фақат ҷисмонӣ асту бо дасти инсон карда шудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 2:11
29 Iomraidhean Croise  

Ва дар он ҷо шумо роҳҳои худ ва тамоми аъмоли худро, ки ба воситаи онҳо палид шудаед, ба ёд хоҳед овард, ва барои ҳамаи корҳои баде ки кардаед, аз худатон пеши назари худ нафрат хоҳед кард.


Ва ҳангоме ки рафтори бади худ ва кирдори зишти худро ба ёд оваред, барои гуноҳҳо ва каҷкориҳои худ аз худатон нафрат пайдо хоҳед кард.


Ба вай гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“.


Аммо агар баъзе аз шохаҳо шикаста чудо шуда бошанд, ва ту, ки зайтуни ёбоӣ будӣ, ба ҷои онҳо пайванд гашта, ба реша ва шираи зайтун шарик шуда бошӣ, —


Пас, агар номахтуне фармудаҳои шариатро риоя кунад, оё номахтунии вай махтунӣ шумурда намешавад?


Ва номахтуни табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро маҳкум намекунад, ки дорои Навиштаҳо ва хатна ҳастию шариатро вайрон мекунӣ?


Медонед, ки шумо, вақте ки бутпараст будед, назди бутҳои безабон тавре мерафтед, ки гӯё шуморо кашида мебурданд.


Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.


Мо табиатан яҳудӣ ҳастем, на ин ки гуноҳкороне аз байни ғайрияҳудиён;


Онҳое ки ба ҳасби ҷисм фахр намудан мехоҳанд, шуморо ба махтун шудан водор менамоянд, фақат барои он ки аз боиси салиби Масеҳ ба таъқибот гирифтор нашаванд;


Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.


Зеро ки шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед,


Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ, ва туро Худованд Худои ту фидия дода раҳо кард; бинобар ин ман имрӯз инро ба ту амр мефармоям.


Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар Миср ғулом будӣ, пас саъю кӯшиш намо, ки ин фароизро ба ҷо оварӣ.


Ва дар хотир нигоҳ дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ, ва туро Худованд Худои ту аз он ҷо бо дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ берун овард; бинобар ин Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, ки рӯзи шанберо ба ҷо оварӣ.


Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту ин чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не?


Дар хотир нигоҳ дор ва фаромӯш накун, ки чӣ гуна. ту Худованд Худои худро дар биёбон ба хашм овардӣ: аз рӯзе ки шумо аз замини Миср берун омадед, то даме ки ба ин макон расидед, шумо ба Худованд муқобилат кардед.


Зеро аҳли хатна моем, ки Худоро дар Рӯҳ ибодат менамоем, ва бо Исои Масеҳ фахр мекунем, ва ба ҷисм эътимод надорем,


Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед,


Ва дар Ӯ шумо махтун шудаед, вале на ба хатнае ки бо дасти одамизод сохта шудааст, балки ба хатнаи Масеҳ, ки ҷисми башариро канор мегузорад,


Ва шуморо, ки дар гуноҳҳо ва дар номахтунии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро омурзид.


Ки дар он ҷо на юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на номахтунӣ, на варварӣ, на скиф, на ғулом ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст.


Ва Довуд ба касоне ки назди ӯ истода буданд, гуфт: «Ба шахсе ки ин фалиштиро бикушад ва нангро аз Исроил дур созад, чӣ хоҳад шуд? Зеро ин фалиштии номахтун кист, ки лашкарҳои Худои Ҳайро таҳқир намояд?»


Бандаат ҳам шер ва ҳам хирсро куштааст, ва ин фалиштии номахтун мисли яке аз онҳо хоҳад шуд, зеро ки лашкарҳои Худои Ҳайро таҳқир кардааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan