Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 2:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

10 чунки мо маҳсули дастони Худо ҳастем. Мо ба воситаи Исои Масеҳ барои корҳои нек офарида шудаем, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо муқаррар намуда буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 2:10
58 Iomraidhean Croise  

Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт; аз амали гумроҳон нафрат дорам; ба ман нахоҳад часпид.


Чӣ чизе ба ту хоҳад дод ва чӣ чизе ба ту хоҳад афзуд, эй забони ҳилагар?


Агар ба осмон бароям, он ҷо Ту ҳастӣ, ва агар дар гӯр бистар андозам, он ҷо низ Ту ҳастӣ.


Валекин ман мисли зайтуни сабзу хуррам дар хонаи Худо ҳастам, ва ба эҳсони Худо таваккал менамоям то абад.


Ки онро Худованди лашкарҳо баракат дода, хоҳад гуфт: «Муборак аст қавми Ман — Миср, ва амали дасти Ман — Ашшур, ва мероси Ман — Исроил».


Зеро, вақте ки онҳо фарзандони худро, яъне амали дастҳои Маро андаруни худ бубинанд, онҳо исми Маро тақдис хоҳанд кард, ва қудсияти Қуддуси Яъқубро хоҳанд шинохт, ва Худои Исроилро такбир хоҳанд гуфт;


Ки ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам, то ҳамду санои Маро бихонанд.


Яъне ҳар киро, ки ба исми Ман номида шудааст, ва Ман ӯро барои ҷалоли Худ офаридаам, ӯро ба вуҷуд овардаам ва ӯро сохтаам».


Инҳоро дар хотир нигоҳ дор, эй Яъқуб ва эй Исроил, зеро ки ту бандаи Ман ҳастӣ; Ман туро ба вуҷуд овардаам; ту бандаи Ман ҳастӣ, эй Исроил, ту аз хотири Ман фаромӯш нахоҳӣ шуд.


Ва қавми ту ҳамаашон одил хоҳанд буд, ба сурати абадӣ вориси замин хоҳанд шуд; онҳо ниҳоли шинондаи Ман, амали дастҳои Ман ҳастанд, то ки ҷалол ёбам.


Мотамзадагони Сионро ато намуда, ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин; ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд, ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.


Чунин аҳде Ман бо хонадони Исроил баъд аз он айём хоҳам баст, — мегӯяд Худованд: — шариати Худро дар ботини онҳо ҷойгир хоҳам кард, ва онро бар дили онҳо хоҳам навишт, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми ман хоҳанд буд,


Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.


Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст».


Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд.


Дар Ёфо шогирде буд, зане ба номи Тобито, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақоти бисьёре медод.


Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд,


Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошад;


Зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем; шумо киштзори Худо, иморати Худо ҳастед.


Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.


Худо моро маҳз барои ҳамин ба вуҷуд оварда, ба мо гарави Рӯҳро додааст.


Ва Худо қодир аст ҳар гуна файзро дар шумо афзун кунад, то ки шумо ҳамеша аз ҳар ҷиҳат ба қадри кофӣ қонеъ буда, барои ҳар кори хайр афзунӣ зоҳир намоед,


Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамияте дорад ва на номахтунӣ, балки махлуқи нав.


Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсӯс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд:


Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем.


Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед.


Ва шариати аҳкомро, ки аз амрҳо иборат буд, ботил намуд, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд,


Дар онҳо шумо мувофиқи давраи ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исьён амал мекунад, зиндагӣ мекардед.


Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд,


Пас, ман, ки дар Худованд бандӣ ҳастам, аз шумо хоҳишмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед,


Ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.


Оё подоши шумо барои Худованд ҳамин аст, эй қавми разил ва беақл? Ӯ, охир, падари туст, молики туст, Ӯ туро офарид ва туро устувор кард.


Бо тамоми роҳе ки Худованд Худои шумо ба шумо амр фармудааст, равона шавед, то ки зинда бимонед, ва барои шумо некӯ бошад, ва умри шумо дар замине ки тасарруф менамоед, дароз шавад.


Ва яқин дорам, ки Ӯ, ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд,


Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад.


Ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед,


Ва одами навро дар бар кардаед, ки вай дар дониш ба шабоҳати Офаринандаи худ нав мешавад,


Бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.


Балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.


Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар амали некро пайравӣ карда бошад.


Ҳамчунин аъмоли нек ошкор аст, ва агар ин тавр набошад ҳам, пинҳон монда наметавонад.


Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд


Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.


То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад.


Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.


Дар ҳама чиз дар шахси худ намунаи аъмоли нек бош. Дар омӯзгории худ покӣ, ботамкинӣ ва бенуқсониро зоҳир намо,


Ба онҳо хотиррасон бикун, ки ба сарварон ва ҳукуматдорон фармонбардорӣ ва итоат намоянд, барои ҳар амали нек тайёр бошанд,


Бигзор одамони мо низ таълим гиранд, ки машғули аъмоли нек бошанд, то ки эҳтиёҷоти заруриро қонеъ намоянд ва бесамар набошанд.


Дуруст аст ин сухан, ва ман мехоҳам, ки ту дар он қоим бошӣ, то онҳое ки ба Худо имон овардаанд, саъю кӯшиш намоянд, ки дар аъмоли нек муваффақият ёбанд: ин барои одамон хуб ва фоиданок аст.


Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,


Бигзор шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чи ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.


Ва дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред, то ки онҳо ба ҷои он ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд.


Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.


Касе гӯяд, ки дар Ӯ собит мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan