Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 1:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Дар Ӯ шумо низ, чун каломи ростиро, яъне башорати наҷоти худро шунидед ва ба Ӯ имон овардед, бо Рӯҳулқудси мавъуд мӯҳр зада шудаед,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

13 Ана шумо, ғайрияҳудиён низ ба воситаи Масеҳ бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо муҳр зада шудаед, ки аз они Худо будани шуморо нишон медиҳад. Ин Рӯҳи ваъдашудаи Худо бароятон ҳамон вақт дода шуд, ки хабари ростиро, яъне хушхабари наҷоти худро шунида, ба Масеҳ имон овардед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 1:13
38 Iomraidhean Croise  

Ва баъд аз он чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарони шумо ва духтарони шумо нубувват хоҳанд намуд; пирони шумо хобҳо хоҳанд дид, ҷавонони шумо рӯъёҳо хоҳанд дид.


Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медониста бошед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, чанд маротиба зиёдтар ба онҳое ки аз ӯ металабанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод».


Ва Ман ваъдаи Падари Худро бар шумо равона мекунам; вале шумо дар шаҳри Ерусалим бимонед, то вақте ки бо қуввате аз олами боло фаро гирифта шавед».


Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.


Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод ва ҳар чиро, ки ба шумо гуфтам, ба ёди шумо хоҳад овард.


Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод;


Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст.


На аз барои ғизои фонӣ, балки барои ғизое саъю кӯшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст».


Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: «Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;


Эй бародарон, эй фарзандони насли Иброҳим ва касоне ки аз байни шумо худотарс ҳастанд! Каломи ин наҷот ба шумо фиристода шудааст.


Акнун, ки Ӯ ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст.


Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он — қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ.


Ва аломати хатнаро ӯ, ҳамчун мӯҳри адолат мувофиқи имоне ки дар ҳолати номахтунии худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ӯ падари ҳамаи имондорони номахтун шуд, то ки ба онҳо низ адолат ато шавад,


Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардаед.


Ки Ӯ низ моро мӯҳр задааст ва гарави Рӯҳро дар дилҳои мо андохтааст.


Дар каломи ростӣ, дар қуввати Худо, бо аслиҳаи адолат дар дасти рост ва чап,


То ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рӯҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем.


Дар сурате ки дар бораи Ӯ шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, — ба ҳасби ростие ки дар Исост, —


Ва Рӯҳулқудси Худоро, ки бо Он ба интизори рӯзи озодӣ мӯҳр зада шудаед, андӯҳгин накунед.


Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.


Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ, ҳамчун коркуне ки хиҷил намешавад ва каломи ростиро дуруст мавъиза мекунад.


Аммо буньёди матини Худо қоим аст ва чунин мӯҳре дорад: «Худованд мансубони Худро мешиносад»; ва боз: «Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд».


Ва аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан ба василаи имоне ки дар Исои Масеҳ аст.


Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст,


Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд,


Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.


Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.


Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед.


Ва фариштаи дигаре дидам, ки аз ҷониби тулӯи офтоб сууд менамояд ва мӯҳри Худои Ҳайро дорад. Ва бо овози баланд ба чор фариштае ки вазифаашон ба замину баҳр зарар расондан буд, нидо карда, мегӯяд:


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan