Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 1:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 То мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

12 Дар натиҷа мо, яҳудиён, ки аввалин шуда ба Масеҳ умедвор гаштем, ба таърифу ситоиш ёфтани бузургии Худо сабабгор мешавем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 1:12
21 Iomraidhean Croise  

Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд, ва шумо дар роҳ нобуд шавед; зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт. Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд!


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард, ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.


Инак, Худо наҷоти ман аст: ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам, зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост, ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».


Ба Зоти Худ қасам хӯрдаам: „Аз даҳони Ман ростӣ, каломи барнагаштанӣ берун омадааст, ки пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне ба исми Ман қасам хоҳад хӯрд,


Тамоми насли Исроил дар Худованд сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.


Дар айёми Ӯ Яҳудо наҷот хоҳад ёфт, ва Исроил дар амният сокин хоҳад шуд; ва ин аст исми Ӯ, ки бо он хонда хоҳад шуд: „Худованд — адолати мо“.


Дили шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред.


Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст.


То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.


Ӯро дар Калисо ва дар Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод, омин.


Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст.


Ба ин сабаб ман чунин уқубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.


Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.


Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan