Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 1:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакӣ муайян шуда будем,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

11 Худо инчунин ба хотири Масеҳ ба мо насиб гардонд, ки халқи Ӯ шавем. Ин тақдирро Худо аз аввал барои мо ба нақша гирифта буд ва Ӯ ҳама вақт хосту фикрашро ба амал меоварад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 1:11
40 Iomraidhean Croise  

Ҳикмат ва қудрат дар Ӯст, машварат ва хирад аз они Ӯст.


Инак, ҳамаи ин чизҳоро Худо бо мард ду‐се дафъа ба амал меоварад,


Зеро ки ман ба афтодан наздик шудаам, ва дардам ҳамеша дар рӯ ба рӯи ман аст.


Машварат ва зиракӣ дар ман аст; ман хирад ҳастам; қувват дар ман аст.


Худовандо! Ту Худои ман ҳастӣ. Туро такбир менамоям, исми Туро ҳамд мегӯям, чунки корҳои аҷиб кардаӣ; муқаддароти қадими Ту ҳақ асту рост.


Ин низ аз ҷониби Худованди лашкарҳо ба амал меояд, ки қарордоди Ӯ аҷоиб аст, ва ҳикмати Ӯ бузург аст.


Ва мегӯянд: «Бигзор Ӯ шитоб намуда, амали Худро тезонад, то онро бубинем; ва бигзор машварати Қуддуси Исроил наздик шавад ва биёяд, то онро бидонем»!


Зеро, кист, ки дар машварати Худованд истода, каломи Ӯро дида ва шунида бошад? Кист, ки ба каломи Ӯ гӯш дода ва сарфаҳм рафта бошад?


Ту дар рой бузург ва дар аъмол қавӣ ҳастӣ; чашмони Ту бар ҳамаи роҳҳои банӣ‐одам воз аст, то ки ба ҳар кас мувофиқи роҳҳояш ва бар тибқи самараи аъмолаш подош диҳӣ.


Ӯ қасри Худовандро бино хоҳад кард, ва соҳиби шавкат хоҳад шуд, ва бар тахти худ нишаста, салтанат хоҳад ронд; ва коҳин бар тахти худ хоҳад буд, ва машварати сулҳу осоиштагӣ дар миёни ҳар дуи онҳо хоҳад буд“.


Вақте ки гайрияҳудиён инро шуниданд, шод шуда, каломи Худовандро ҳамду сано хонданд, ва ҳамаи онҳое ки барои ҳаёти ҷовидонӣ пешакӣ таъин шуда буданд, имон оварданд,


Ӯро, ки аз рӯи маслиҳати муайян ва огоҳии пешакии Худо таслим карда шуд, шумо бо дасти бадкирдорон бар салиб мехкӯб карда, куштед;


Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.


Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.


То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд“.


То он чиро, ки бозуи Ту ва раъи Ту пешакӣ муқаррар карда буд, ба ҷо оваранд.


Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад?


Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.


Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад;


Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошад;


Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.


Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанӯз ҳеҷ амали неке ё баде накарда буданд, — барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад, —


Зеро, агар мерос аз рӯи шариат бошад, он дигар аз рӯи ваъда нахоҳад буд; аммо Худо онро аз рӯи ваъда ба Иброҳим ато намудааст.


Ва то замоне ки мулки Худо боз харида шавад, Он гарави мероси мост барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ.


Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст,


Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад,


Ки онро Ӯ ба мо ба фаровонӣ ато намуда, ҳамроҳи ҳар ҳикмат ва хирадмандӣ


Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ӯ барқарор намуд.


Мувофиқи таъиноти азалӣ, ки онро Ӯ дар Худованди мо Исои Масеҳ ба амал овардааст,


Валекин шуморо Худованд гирифта, аз кӯраи оҳанин, яъне аз Миср берун овард, то ки барои Ӯ қавми мерос бошед, чунон ки имрӯз ҳастед.


Ва Падарро шукргузорӣ намоед, ки Ӯ моро ба мероси муқаддасон дар нур шарик гардонидааст,


Чун медонед, ки аз Худованд меросро мукофот хоҳед гирифт, зеро ки ба Масеҳи Худованд ҳизмат мекунед.


Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.


То ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.


Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд,


Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?


Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,


Дар ивази бадӣ, бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат, лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan