Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Эфсӯсиён* 1:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Масеҳ аст, ба муқаддасоне ки дар Эфсӯс мебошанд ва дар Исои Масеҳ аминанд:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Салом ба халқи Худо, ки дар шаҳри Эфесус Исои Масеҳро вафодорона пайравӣ мекунанд! Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Эфсӯсиён* 1:1
27 Iomraidhean Croise  

Аммо бандаи Ман Мусо чунин нест; ӯ дар тамоми хонаи Ман амин аст.


Касе ки дар чизи андак мӯътамад бошад, дар чизи бисьёр низ мӯътамад аст, ва касе ки дар чизи андак ноинсофӣ кунад, дар чизи бисьёр низ ноинсоф аст.


Вақте ки ӯ ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар шумо яқин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед». Ӯ он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.


Вақте ки ба Эфсӯс расиданд, онҳоро дар он ҷо монда, худаш ба куништ даромад ва бо яҳудиён суханронӣ кард.


Ва бо онҳо хайру маъзур карда, гуфт: «Ман бояд иди дар пеш истодаро ҳатман дар Ерусалим гузаронам; баъд аз он, Худо хоҳад, боз назди шумо хоҳам баргашт». Ва Эфсӯсро тарк кард.


Ҳанониё дар ҷавоб гуфт: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисьёр касон шунидаам, ки дар Ерусалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст;


Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ҳаввории даъватшуда ва барои башорати Худо интихобгардида,


Ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум ҳастед ва ба муқаддасӣ даъват шудаед, аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд файз ва осоиштагӣ бар шумо бод.


Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд,


Ва заҳмат кашида, бо дастҳои худ кор мекунем. Моро дашном медиҳанд, мо баракат медиҳем; ба мо зулм мекунанд, мо тоқат меоварем;


Барои ҳамин ҳам ман Тимотиюсро назди шумо фиристодам, ки ӯ фарзанди маҳбуб ва мӯътабари ман дар Худованд аст; ва ӯ роҳҳои маро дар Исои Масеҳ ба ёди шумо хоҳад овард, чунон ки ман дар ҳама ҷо дар ҳар калисо таълим медиҳам.


Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Тимотиюс, ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба ҳамаи муқаддасоне ки дар тамоми Охоия мебошанд:


Павлуси ҳавворӣ, ки на аз ҷониби одамон ва на ба воситаи одамизод аст, балки ба василаи Исои Масеҳ ва Худои Падар, ки Ӯро аз мурдагон эҳьё кардааст,


Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед;


Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед.


Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд,


Бинобар ин ман низ, вақте ки аз имони шумо ба Исои Масеҳ ва аз муҳаббати шумо ба ҳамаи муқаддасон хабардор шудам,


Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем.


Аммо акнун, дар Исои Масеҳ, шумо, ки як вақте дур будед, бо Хуни Масеҳ наздик шудаед.


Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд,


Ва барои он ки шумо низ аз вазъиятам ва корҳоям воқиф шавед, Тӯхиқӯс, ки бародари маҳбуб ва хизматгузори амин дар Худованд аст, шуморо аз ҳар хусус хабардор хоҳад кард,


Ба муқаддасон ва бародарони амин дар Исои Масеҳ, ки дар Қӯлассо мебошанд: файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.


Онҳо ба Барра ҷанг хоҳанд кард, ва Барра бар онҳо ғолиб хоҳад омад; зеро ки Ӯ Худованди худовандон ва Подшоҳи подшоҳон аст, ва онҳое ки бо Ӯ ҳастанд, даъватшудагон ва баргузидагон ва аминон мебошанд».


Аз машаққатҳое ки бояд ба сарат ояд, натарс. Инак, иблис баъзеро аз миёни шумо дар зиндон хоҳад андохт, то ки шуморо биозмояд, ва шумо даҳ рӯз дар андӯҳ хоҳед афтод. То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод.


„Аъмоли туро медонам, ва маскани туро, ки тахти шайтон дар он ҷост; ва ту исми Маро маҳкам нигоҳ доштаӣ ва ҳатто дар айёме ки шоҳиди амини Ман Антипас дар миёни шумо, дар ҷое ки шайтон сокин аст, кушта шуд, имони Маро тарк накардаӣ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan