Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Як замоне дарахтон рафтанд, то ки подшоҳеро бар худ тадҳин намоянд; ва ба дарахти зайтун гуфтанд: „Бар мо подшоҳӣ бикун“.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:8
8 Iomraidhean Croise  

Ва Юош, подшоҳи Исроил, ба Амасьё, подшоҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфт: „Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ“. Валекин ҳайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намуд.


Ва Юош, подшоҳи Исроил, назди Амасьё, подшоҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфтааст: „Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ“. Валекин хайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намудааст.


Агар по бигӯяд: «Ман ба бадан тааллуқ надорам, чунки ман даст нестам», наход ки он ба ин сабаб ба бадан тааллуқ надорад?


Ва ҳангоме ки инро ба Ютом хабар доданд, ӯ рафта, бар сари кӯҳи Ҷаризим истод, ва овози худро баланд карда, фарьёд зад ва ба онҳо гуфт: «Маро бишнавед, эй сокинони Шакем, то ки Худо шуморо бишнавад!


Вале дарахти зайтун ба онҳо гуфт: „Оё равғани худро, ки бо он Худо ва одамонро ҷалол медиҳанд, ман тарк кунам, ва рафта овора шавам, то ки бар дарахтон нигаҳбонӣ намоям?“


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan