Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва ҳамаи сокинони Шакем ва тамоми аҳли Байт‐Миллӯ ҷамъ шуда рафтанд ва Абималикро назди булути сутун, ки дар Шакем буд, подшоҳ карданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:6
8 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд дар қалъа сокин шуд, ва онро шаҳри Довуд номид; ва Довуд гирдогирди он, аз Миллӯ гирифта то андаруни шаҳр, ҳисор бино кард.


Ва Раҳабъом ба Шакем рафт, зеро ки тамоми Исроил ба Шакем омаданд, то ки ӯро подшоҳ кунанд.


Ва чун тамоми Исроил шуниданд, ки Ёробъом баргаштааст, фиристода ӯро назди ҷамоат хонданд, ва ӯро бар тамоми Исроил подшоҳ карданд; хонадони Довудро ҳеҷ кас, ғайр аз сибти Яҳудо, тарафдорӣ накард.


Ва Ёробъом Шакемро дар кӯҳи Эфроим бино карда, дар он сокин шуд; ва аз он ҷо баромада, Фануилро бино кард.


Ва навкаронаш қиём намуда, суиқасд карданд, ва Еҳӯошро дар Байт‐Миллӯ, дар роҳе ки сӯи Силло мефурояд, куштанд.


Ва Еҳушаъ ин суханонро дар китоби шариати Худо навишт; ва санги бузурге гирифта, онро дар он ҷо зери булуте ки назди қудси Худованд буд, гузошт.


Ва ӯ ба хонаи падараш ба Ӯфро омада, бародарони худ, писарони Ерубаалро, ки ҳафтод нафар буданд, бар як санг кушт; вале Ютом, писари хурдии Ерубаал, зинда монд, чунки пинҳон шуд.


Ва ҳангоме ки инро ба Ютом хабар доданд, ӯ рафта, бар сари кӯҳи Ҷаризим истод, ва овози худро баланд карда, фарьёд зад ва ба онҳо гуфт: «Маро бишнавед, эй сокинони Шакем, то ки Худо шуморо бишнавад!


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan