Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:54 - Китоби Муқаддас 1992 1999

54 Ва ӯ зуд навкари силоҳбардори худро хонда, ба вай гуфт: «Шамшератро кашида, маро бикуш, мабодо гӯянд, ки „зане ӯро кушт“». Ва навкараш ӯро шамшер зад, ва ӯ мурд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:54
17 Iomraidhean Croise  

Ва ман назди ӯ омада, ӯро куштам, зеро донистам, ки ӯ баъд аз фурӯ ғалтиданаш зинда нахоҳад монд; ва афсареро, ки бар сараш буд, ва бозубандеро, ки бар бозуяш буд, гирифта, онҳоро ба ин ҷо назди оғоям овардам».


Ва ӯ ба ақибаш рӯй гардонида, маро дид, ва маро даъват намуд, ва ман гуфтам: „Лаббай“.


Ва ӯ ба ман гуфт: „Лутфан, назди ман омада, маро бикуш, зеро раъшаи саъб маро фаро гирифтааст, чунки ҷонам ҳанӯз дар ман аст“.


Солақи аммӯнӣ; Наҳарои беэрӯтӣ, ки силоҳбардори Юоб ибни Саруё буд;


Ва Шоул ба силоҳбардори худ гуфт: «Шамшери худро кашида, маро бо он бизан, мабодо ин номахтунон омада, маро ба хорӣ бикушанд». Вале силоҳбардораш нахост, зеро ки бағоят тарсид; ва Шоул шамшери худро гирифта, бар он афтод.


Ва силоҳбардораш дид, ки Шоул мурд, вай низ бар шамшери худ афтода, мурд.


Солақи аммӯнӣ; Наҳраи бирӯтӣ, ки силоҳбардори Юоб ибни Саруё буд;


Ва ӯ гуфт: «Албатта бо ту меравам, аммо дар ин роҳе ки ту меравӣ, ҷалол аз они ту нахоҳад буд, зеро ки Худованд Сисроро ба дасти зане хоҳад супурд». Ва Дебӯро бархоста, бо Бороқ ба Қодеш равона шуд.


Ва исроилиён диданд, ки Абималик мурд, ва ҳар яке ба макони худ рафтанд.


Ва баъзе аз дастаи посбонон ба Йӯнотон ва силоҳбардораш гуфтанд: «Пеши мо бароед, то ки чизе ба шумо нишон диҳем». Ва Йӯнотон ба силоҳбардори худ гуфт: «Аз ақибам баро, зеро ки Худованд онҳоро ба дасти Исроил супурдааст».


Ва Йӯнотон бо дастҳо ва поҳояш андармон шуда боло баромад, ва силоҳбардораш аз ақибаш. Ва онҳо пеши Йӯнотон афтодан гирифтанд, ва силоҳбардори ӯ онҳоро аз паи ӯ мекушт.


Ва аз ин зарбаи аввалине ки Йӯнотон ва силоҳбардораш расониданд, қариб бист нафар талаф шуданд, дар нисфи майдоне ки як ҷуфт гов дар як рӯз шудгор мекунад.


Ва Шоул ба қавме ки бо ӯ буданд, гуфт: «Саршуморӣ карда, бубинед, ки аз миёни мо кӣ берун рафтааст?» Ва саршуморӣ карданд, ва инак Йӯнотон ва силоҳбардораш нестанд.


Ва силоҳбардораш ба ӯ гуфт: «Ҳар он чи дар дилат ҳаст, бикун; ба ҳар ҷо, ки майл дорӣ, бирав; инак ман мувофиқи дилхоҳи ту бо ту ҳастам».


Ва Довуд назди Шоул омада, ба ҳузури ӯ биистод; ва Шоул варо бағоят дӯст дошт, ва Довуд силоҳбардори ӯ гардид.


Ба ҳамин тариқ Шоул ва се писараш ва силоҳбардораш, низ ҳамаи одамонаш дар он рӯз якҷоя мурданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan