Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:53 - Китоби Муқаддас 1992 1999

53 Ва зане порчаи санги осиёро бар сари Абималик андохта, косахонаи сарашро шикаст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:53
9 Iomraidhean Croise  

Кист, ки Абималик ибни Ерубошатро кушт? Зане, охир, санги болоии осиёро бар ӯ аз болои ҳисор андохт, ва ӯ дар Тебес мурд. Пас, чаро шумо ба ҳисор наздик шудед?“ — он гоҳ бигӯй: „Навкарат Уриёи ҳиттӣ низ мурдааст“».


Асли масъала чунин нест, балки шахсе аз кӯҳи Эфроим, ки Шобаъ ибни Бикрӣ ном дорад, ба подшоҳ Довуд дасти тааддӣ дароз кардааст; ӯро танҳо бисупоред, ва ман аз шаҳр ақиб хоҳам гашт». Ва зан ба Юоб гуфт: «Инак, сари ӯ аз болои ҳисор назди ту партофта хоҳад шуд».


Ҳалокат, охир, барои ноинсоф аст, ва мусибат барои бадкирдорон.


Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Адӯм қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи сокинони Темон андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ масканҳои онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард.


Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Бобил қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи замини калдониён андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ маскани онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард.


Ва ӯ гуфт: «Албатта бо ту меравам, аммо дар ин роҳе ки ту меравӣ, ҷалол аз они ту нахоҳад буд, зеро ки Худованд Сисроро ба дасти зане хоҳад супурд». Ва Дебӯро бархоста, бо Бороқ ба Қодеш равона шуд.


Ва хори муғелон ба дарахтон гуфт: „Агар ҳақиқатан шумо маро бар худ ба подшоҳӣ тадҳин мекарда бошед, пас биёед ва дар сояи ман паноҳ баред; вагар на, оташе аз хори муғелон берун омада, арзҳои Лубнонро фурӯ хоҳад бурд“.


Вагар на, оташе аз Абималик берун омада, сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯро фурӯ хоҳад бурд, ва оташе аз сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯ берун омада, Абималикро фурӯ хоҳад бурд».


Ва Абималик назди бурҷ омада, бо он ҷанг кард, ва ба даҳани бурҷ наздик шуд, то ки онро оташ диҳад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan