50 Ва Абималик ба Тебес рафт; ва назди Тебес ӯрду зада, онро забт намуд.
Кист, ки Абималик ибни Ерубошатро кушт? Зане, охир, санги болоии осиёро бар ӯ аз болои ҳисор андохт, ва ӯ дар Тебес мурд. Пас, чаро шумо ба ҳисор наздик шудед?“ — он гоҳ бигӯй: „Навкарат Уриёи ҳиттӣ низ мурдааст“».
Ва Омрӣ, ва тамоми Исроил бо ӯ, аз Ҷибтӯн баромада, Тирсоро муҳосира карданд.
Ва тамоми қавм низ, ҳар яке шохаи худро бурида аз ақиби Абималик рафтанд, ва онҳоро дар гирди бурҷ гузошта, ба воситаи онҳо бурҷро оташ доданд; ва ҳамаи одамони бурҷи Шакем низ, ки тақрибан ҳазор мард ва зан буданд, мурданд.
Ва андаруни шаҳр бурҷи мустаҳкаме буд; ва ҳамаи мардон ва занон, ва ҳамаи сокинони шаҳр, дар он ҷо гурехта ва аз пушти худ дарҳоро баста, болои боми бурҷ баромаданд.