Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ӯ ба хонаи падараш ба Ӯфро омада, бародарони худ, писарони Ерубаалро, ки ҳафтод нафар буданд, бар як санг кушт; вале Ютом, писари хурдии Ерубаал, зинда монд, чунки пинҳон шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:5
15 Iomraidhean Croise  

Ва алҳол биё, ба ту машварат диҳам, то ки ҷони худат ва ҷони писарат Сулаймонро бираҳонӣ;


Вагар на, чунин воқеъ хоҳад шуд, ки чун оғоям подшоҳ бо падарони худ бихобад, ман ва писарам Сулаймон айбдор ҳисоб хоҳем ёфт».


Ва ҳангоме ки ӯ ба Сомария расид, ҳамаи боқимондагони Аҳъобро, ки дар Сомария буданд, кушт, ба тавре ки тамоман ӯро маҳв кард, бар тибқи каломи Худованд, ки ба Ильёс гуфта буд.


Ва ҳангоме ки мактуб ба онҳо расид, онҳо писарони подшоҳро гирифтанд, ва ҳафтод нафарро куштанд, ва каллаҳои онҳоро дар сабадҳо гузошта, назди ӯ ба Изреъил фиристоданд.


Ва ӯ бо вай дар хонаи Худованд шаш сол пинҳон буд, дар сурате ки Атальё бар мамлакат подшоҳӣ мекард.


Ва ҳангоме ки Еҳӯром салтанати падарашро соҳиб шуда, қувват гирифт, ҳамаи бародарони худ, ва низ баъзеро аз сарварони Исроил бо шамшер кушт.


Чун Ҳиродус дид, ки мунаҷҷимон ӯро фиреб доданд, бисьёр хашмгин шуд ва фиристода, ҳамаи кӯдаконро дар Байт‐Лаҳм ва тамоми ҳудуди он, мувофиқи вақте ки аз мунаҷҷимон фаҳмида гирифта буд, аз дусола ва камтар ба қатл расонд.


Ва гуфт: «Бархез, Кӯдакро бо модараш гирифта, ба сарзамини Исроил равона шав, зеро онҳое ки қасди ҷони Кӯдак доштанд, мурданд».


Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.


Ва Ҷидъӯн дар он ҷо курбонгоҳе барои Худованд сохт, ва онро Худованд‐Осоиштагӣ хонд; он то имрӯз дар Ӯфрои Абиэзрӣ мавҷуд аст.


Ва Ҷидъӯн ҳафтод писар дошт, ки аз камари ӯ ба вуҷуд омада буданд, зеро ки занонаш бисьёр буданд.


Вале шумо имрӯз бар хонадони падарам қиём намуда, ҳафтод нафар писарони ӯро бар як санг куштед, ва писари канизи ӯ — Абималикро бар сокинони Шакем подшоҳ кардед, зеро ки вай бародари шумост!


«Лутфан, дар гӯшҳои ҳамаи сокинони Шакем бигӯед: „Барои шумо кадомаш беҳтар аст: оё бар шумо ҳафтод нафар, яъне ҳамаи писарони Ерубаал салтанат ронанд, ё ки бар шумо як нафар салтанат ронад?“ Ва ба ёд оваред, ки ман устухон ва гӯшти шумо ҳастам».


Ва ҳамаи сокинони Шакем ва тамоми аҳли Байт‐Миллӯ ҷамъ шуда рафтанд ва Абималикро назди булути сутун, ки дар Шакем буд, подшоҳ карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan