Ва ӯ қавми худро гирифта, ба се даста тақсим кард, ва дар саҳро камин гирифт; ва дид, ки инак, қавм аз шаҳр берун меоянд, ва ӯ бархоста, онҳоро зарба зад.
Ва Абималик тамоми он рӯз бо аҳли шаҳр ҷанг карда, шаҳрро забт намуд, ва қавмеро, ки дар он буданд, кушт; ва шаҳрро валангор карда, намак бар он пошид.