41 Ва Абималик дар Орумо сокин шуд; ва Забул Ҷуал ва бародаронашро бадар ронд, то ки дар Шакем сукунат надошта бошанд.
Ва Ҷуал ибни Обид гуфт: «Абималик кист ва Шакем кист, ки ба вай бандагӣ кунем? Вай, охир, писари Ерубаал мебошад, ва Забул фақат амалдори ӯст! Беҳтар аст, ки ба одамони Ҳамӯр падари Шакем бандагӣ кунед! Чаро мо ба вай бандагӣ мекардаем?
Ва сардори шаҳр, Забул, суханони Ҷуал ибни Обидро шунида, хашмаш аланга гирифт.
Ва Абималик ӯро таъқиб намуд, ва ӯ аз пеши вай гурехт; ва мақтулони зиёде то худи даҳани дарвоза фурӯ ғалтиданд.
Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки қавм ба саҳро баромаданд; ва инро ба Абималик хабар доданд.