Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва аз хонаи Баал‐Брит ҳафтод сиқл нуқра ба ӯ доданд; ва Абималик одамони бемулоҳиза ва лоуболро ба он нуқра киро кард, ва онҳо аз ақиби ӯ рафтанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:4
11 Iomraidhean Croise  

Ва Довуд баргашт, то ки аҳли байти худро баракат диҳад; ва Микал бинти Шоул ба пешвози Довуд баромада, гуфт: «Подшоҳи Исроил имрӯз чӣ қадар иззат ёфт, вақте ки худро пеши назари канизон ва навкаронаш бараҳна кард, чунон ки як шахси бемулоҳиза худро бараҳна мекунад».


Ва мардуми ҳеҷу пуч, шахсони нобакор дар гирди ӯ ҷамъ шуда, бар Раҳабъом ибни Сулаймон ғолиб омаданд, дар сурате ки Раҳабъом ҷавон ва нармдил буда, ба муқобили онҳо натавонист истодагӣ намояд.


Ин мардуми нобакор, ин мардуми гумном низ, ба ин сабаб аз замин рад шудаанд!


Касе ки замини худро кор кунад, аз нон сер мешавад, вале касе ки аз паи корҳои ҳеҷу пуч шавад, беақл аст.


Анбиёяш шахсони сабукмағз ва ғаддор ҳастанд; коҳинонаш қудсро палид, ва шариатро хор мекунанд.


Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, ҳасад бурданд ва чанд нафар нобакоронро аз бозор гирифта, издиҳоме ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд ва ба ҳонаи Ёсӯн тоҳта, ҳостанд онҳоро назди ҷамоат берун оваранд.


Ва Йифтоҳ аз пеши бародаронаш гурехта, дар замини Туб маскан гирифт; ва мардуми бенаво назди Йифтоҳ ҷамъ шуда, бо ӯ тохтутоз мекарданд.


Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Ҷидъӯн вафот ёфт, банӣ‐Исроил аз нав ба ибодати Баалҳо дода шуданд, ва Баал‐Бритро худои худ донистанд.


Ва ба саҳро баромада, ҳосили токҳои худро чиданд, ва онро дар чархуштҳо фишурда, базмҳо барпо карданд, ва ба хонаи худои худ омада, хӯрданд ва нӯшиданд ва Абималикро лаънат гуфтанд.


Ва ҳар кӣ дар аҳволи танг буд, ва ҳар кӣ қарзхоҳе дошт, ва ҳар кӣ талхайш буд, назди ӯ ҷамъ шуданд, ва ӯ саркардаи онҳо гардид; ва тақрибан чорсад нафар бо ӯ буданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan