35 Ва Ҷуал ибни Обид берун омада дар даҳани дарвозаи шаҳр истод; ва Абималик бо қавме ки ҳамроҳи ӯ буданд, аз камин бархост;
Ва Ҷуал ибни Обид бо бародаронаш омад, ва онҳо дар Шакем мегаштанд; ва сокинони Шакем ба ӯ умед бастанд.
Ва Абималик ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, шабона бархостанд, ва чор даста шуда, бар Шакем камин гирифтанд.
Ва Ҷуал қавмро дида, ба Забул гуфт: «Инак, қавм аз қуллаҳои кӯҳҳо фурӯд меоянд». Ва Забул ба ӯ гуфт: «Сояи кӯҳҳоро ту мисли одамон мебинӣ».