32 Ва акнун шабона бархез, худат ва қавме ки бо ту ҳастанд, ва дар саҳро камин кун.
Ва дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт, ва Ӯ муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард.
Чунки, агар бадӣ накунанд, хобашон намебарад, ва агар касеро пешпо надиҳанд, хобашон мегурезад,
Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;
Ва Еҳушаъ ва ҳамаи мардони ҷангӣ бархостанд, то ки сӯи Ой бираванд; ва Еҳушаъ сӣ ҳазор нафар ҷанговарони ҷасурро баргузид, ва шабона онҳоро фиристод.
Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Инак, шумо назди шаҳр аз пушти шаҳр камин хоҳед кард; аз шаҳр бисьёр дур наравед, ва ҳамаатон тайёр бошед.
Ва пинҳонӣ қосидонро назди Абималик фиристода, гуфт: «Инак, Ҷуал ибни Обид ва бародаронаш ба Шакем омадаанд, ва инак онҳо аҳли шаҳрро ба муқобили ту ба шӯр меоваранд.
Ва субҳидам, баробари тулӯъ кардани офтоб, бархоста, ба шаҳр ҳуҷум намо; ва инак, ӯ ва қавме ки бо ӯ ҳастанд, сӯи ту берун хоҳанд омад, ва он гоҳ ба онҳо ҳар он чи аз дастат ояд, хоҳӣ кард».