3 Ва бародарони модараш дар бораи ӯ дар гӯшҳои ҳамаи сокинони Шакем ҳамаи ин суханонро гуфтанд; ва дили онҳо ба тарафдории Абималик моил шуд, зеро ки гуфтанд: «Ӯ бародари мост».
Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Азбаски хеши ман ҳастӣ, ба ман муфт хизмат мекунӣ магар? Ба ман бигӯй, ки муздат чист?»
Ва қосиде назди Довуд омада, гуфт: «Дили мардуми Исроил ба тарафи Абшолӯм моил шудааст».
Дар сурате ки буньёдҳо вайрон шудааст, одил чӣ кор карда метавонад?