29 Кошки ин қавм зери дасти ман мебуданд, ва ман Абималикро дур мекардам! Ва ба Абималик гуфт: „Лашкари худро биафзой ва берун ой!“»
Ва Абшолӯм мегуфт: «Кошки ман дар ин замин довар мешудам, ва ҳар касе ҷанҷол ва даъвое медошт, назди ман меомад, ва ман варо одилона доварӣ менамудам!»
Ва подшоҳи Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Бигӯед: „Он ки шамшер ба камар мебандад, набояд мисли он ки шамшер аз камар мекушояд, фахр намояд“».
Он гоҳ Амасьё қосидонро назди Юош ибни Еҳӯоҳоз ибни Еҳу, подшоҳи Исроил, фиристода, гуфт: «Биё, рӯ ба рӯ шавем».
Ва алҳол ту бо оғоям, подшоҳи Ашшур, гарав бибанд: ман ба ту ду ҳазор асп медиҳам, — оё ту метавонӣ саворон бар онҳо пайдо кунӣ?
Дар сурате ки буньёдҳо вайрон шудааст, одил чӣ кор карда метавонад?
Ва сардори шаҳр, Забул, суханони Ҷуал ибни Обидро шунида, хашмаш аланга гирифт.