Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:27 - Китоби Муқаддас 1992 1999

27 Ва ба саҳро баромада, ҳосили токҳои худро чиданд, ва онро дар чархуштҳо фишурда, базмҳо барпо карданд, ва ба хонаи худои худ омада, хӯрданд ва нӯшиданд ва Абималикро лаънат гуфтанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:27
20 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки ба ӯрдугоҳ наздик омада, гӯсола ва рақсҳоро дид, хашми Мусо аланга зад, ва ӯ алвоҳро аз дастҳояш партофт, ва онҳоро зери кӯҳ шикаст.


Ва фардои он бармаҳал бархоста, қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд; ва қавм барои хӯрдан ва нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд.


Пас ту дар ҳаққи ҳамаашоно ҳамаи ин суханонро нубувват намо, ва ба онҳо бигӯй: «„Худованд аз афроз ғурриш мекунад, ва аз маскани муқаддаси Худ овози Худро мебарорад; бар чарогоҳи Худ бошиддат ғурриш мекунад; мисли онҳое ки ангур пахш мекунанд, бар ҳамаи сокинони замин бонг мезанад.


Ва худро бар Худованди осмон баланд гирифтӣ, ва зарфҳои хонаи Ӯро ба ҳузури ту оварданд, ва ту ва акобири ту, манкӯҳаҳоят ва сурриягонат аз онҳо шароб нӯшидед, ва худоёнеро, ки аз нуқра ва тилло, мис ва оҳан, чӯб ва санг ҳастанд, ва намебинанд, намешунаванд ва намедонанд, ҳамд гуфтӣ, вале Худоеро, ки ҷонат дар дасти Ӯст, ва ҳамаи роҳҳоят пеши назари Ӯст, ҷалол надодӣ.


Ва онҳо бо дили худ сӯи Ман истиғоса набурданд, ҳангоме ки бар бистарҳои худ фиғон мекашиданд; барои ғалла ва шароб ҷамъ шуда, бар зидди Ман исьён мекунанд.


Ва писари зани исроилӣ Исмро ба забон ронда, лаънат кард, ва ӯро назди Мусо оварданд; ва номи модараш Шелӯмит бинти Дибрӣ, аз сибти Дон буд.


Ва сарварони фалиштиён ҷамъ шуданд, то ки барои худои худ Доҷӯн қурбонии бузурге оварда, димоғчоқӣ кунанд, ва гуфтанд: «Худои мо душмани мо Шимшӯнро ба дасти мо таслим намуд».


Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Ҷидъӯн вафот ёфт, банӣ‐Исроил аз нав ба ибодати Баалҳо дода шуданд, ва Баал‐Бритро худои худ донистанд.


Ва Ҷуал ибни Обид бо бародаронаш омад, ва онҳо дар Шакем мегаштанд; ва сокинони Шакем ба ӯ умед бастанд.


Ва аз хонаи Баал‐Брит ҳафтод сиқл нуқра ба ӯ доданд; ва Абималик одамони бемулоҳиза ва лоуболро ба он нуқра киро кард, ва онҳо аз ақиби ӯ рафтанд.


Ва ҳамаи сокинони бурҷи Шакем инро шунида, ба бурҷи Байт‐Ил‐Брит омаданд.


Ва фалиштӣ ба Довуд гуфт: «Оё ман саг ҳастам, ки бо таёқе назди ман меоӣ?» Ва фалиштӣ Довудро бо худоёни худ лаънат кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan