26 Ва Ҷуал ибни Обид бо бародаронаш омад, ва онҳо дар Шакем мегаштанд; ва сокинони Шакем ба ӯ умед бастанд.
Ва Абром ба Лут гуфт: «Зинҳор, дар миёни ман ва ту, ва дар миёни чӯпонони ман ва чӯпонони ту низое набошад; зеро ки мо хешу табор ҳастем.
Ва гуфт: «Эй бародаронам, зинҳор, бадӣ накунед.
Ва сокинони Шакем ба муқобили ӯ бар қуллаҳои кӯҳҳо каминваронро гузоштанд, ва онҳо ҳар касро, ки дар роҳ аз пешашон мегузашт, тороҷ мекарданд; дар ин бора ба Абималик хабар дода шуд.
Ва ба саҳро баромада, ҳосили токҳои худро чиданд, ва онро дар чархуштҳо фишурда, базмҳо барпо карданд, ва ба хонаи худои худ омада, хӯрданд ва нӯшиданд ва Абималикро лаънат гуфтанд.
Ва Ҷуал ибни Обид гуфт: «Абималик кист ва Шакем кист, ки ба вай бандагӣ кунем? Вай, охир, писари Ерубаал мебошад, ва Забул фақат амалдори ӯст! Беҳтар аст, ки ба одамони Ҳамӯр падари Шакем бандагӣ кунед! Чаро мо ба вай бандагӣ мекардаем?
Ва сардори шаҳр, Забул, суханони Ҷуал ибни Обидро шунида, хашмаш аланга гирифт.