23 Ва Худо рӯҳи шарире дар миёни Абималик ва сокинони Шакем фиристод, ва сокинони Шакем дар ҳаққи Абималик хиёнат карданд,
Ва подшоҳ ба қавм гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худованд насиб шуда буд, то каломеро, ки Худованд ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъом ибни Набот гуфта буд, ба амал оварад.
Ва подшоҳ ба қавм гӯш надод, зеро ки ин аз ҷониби Худо насиб шуда буд, то ки Худованд каломи Худро, ки ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъом ибни Набот гуфта буд, ба амал оварад.
Худованд андаруни он рӯҳи дарҳам‐баҳрамӣ даровардааст, ва онҳо Мисрро дар тамоми аъмоли он гумроҳ кардаанд, мисли он ки маст роҳро гум карда, дар қаи худ афтода мехобад.
Ва Ман мисриёнро бар мисриён хоҳам барангехт, ва онҳо бародар бо бародар, ва ёр бо ёр, ва шаҳр бо шаҳр, ва мамлакат бо мамлакат ҷанг хоҳанд кард.
Вой бар ту, эй тороҷгар, ки ҳанӯз тороҷ нашудаӣ, ва эй хиёнатгар, ки дар ҳаққи ту ҳанӯз хиёнат накардаанд! Чун тороҷи худро ба итмом расонӣ, тороҷ хоҳӣ шуд; чун хиёнати худро анҷом диҳӣ, дар ҳаққи ту хиёнат хоҳанд кард.
Зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда ҳоҳад шуд.
Агар салтанате бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он салтанат устувор истода наметавонад;
Вагар на, оташе аз Абималик берун омада, сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯро фурӯ хоҳад бурд, ва оташе аз сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯ берун омада, Абималикро фурӯ хоҳад бурд».
Ва Абималик се сол бар Исроил салтанат ронд.