Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:20 - Китоби Муқаддас 1992 1999

20 Вагар на, оташе аз Абималик берун омада, сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯро фурӯ хоҳад бурд, ва оташе аз сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯ берун омада, Абималикро фурӯ хоҳад бурд».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:20
14 Iomraidhean Croise  

Шарирон дар домҳои худ хоҳанд афтод, дар сурате ки ман сиҳат саломат хоҳам гузашт.


Овози Худованд пурқувват аст; овози Худованд пуршукӯҳ аст.


Ва сесад шох як зайл менавохт, ва Худованд шамшери ҳар якеро сӯи рафиқаш нигаронид, ва дар тамоми ӯрду вазъият чунин буд, ва ӯрду то Байт‐Ҳашитто ба сӯи Сареро ва то канори Обил‐Маҳӯло, ки назди Таббот аст, гурехтанд.


Ва хори муғелон ба дарахтон гуфт: „Агар ҳақиқатан шумо маро бар худ ба подшоҳӣ тадҳин мекарда бошед, пас биёед ва дар сояи ман паноҳ баред; вагар на, оташе аз хори муғелон берун омада, арзҳои Лубнонро фурӯ хоҳад бурд“.


Ва агар ҳақиқатан ва аз рӯи адолат имрӯз ба Ерубаал ва хонадонаш чунин амал карда бошед, — пас шумо аз Абималик шод бошед, ва ӯ низ аз шумо шод бошад.


Ва Ютом давида, рӯ ба гурез ниҳод ва ба Баир расида, аз дасти бародараш Абималик дар он ҷо сокин шуд.


Ва Худо рӯҳи шарире дар миёни Абималик ва сокинони Шакем фиристод, ва сокинони Шакем дар ҳаққи Абималик хиёнат карданд,


Ва Абималик ва дастае ки бо ӯ буданд, хамла оварда, дар даҳани дарвозаи шаҳр истоданд, ва ду дастаи дигар бар ҳамаи онҳое ки дар саҳро буданд, ҳуҷум карда, онҳоро зарба заданд.


Ва ҳамаи сокинони Шакем ва тамоми аҳли Байт‐Миллӯ ҷамъ шуда рафтанд ва Абималикро назди булути сутун, ки дар Шакем буд, подшоҳ карданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan