Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва хори муғелон ба дарахтон гуфт: „Агар ҳақиқатан шумо маро бар худ ба подшоҳӣ тадҳин мекарда бошед, пас биёед ва дар сояи ман паноҳ баред; вагар на, оташе аз хори муғелон берун омада, арзҳои Лубнонро фурӯ хоҳад бурд“.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:15
19 Iomraidhean Croise  

Ва Юош, подшоҳи Исроил, ба Амасьё, подшоҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфт: „Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ“. Валекин ҳайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намуд.


Ва қаҳтиро бар замин бихонд; ҳамаи манбаъҳои нонро нобуд кард.


Худовандро бисароед, эй порсоёни Ӯ, ва зикри қудсияти Ӯро ҳамд гӯед,


Ва зӯровар ба пӯстлохи катон, ва амалаш ба шарорае мубаддал хоҳад шуд, ва ҳар дуяшон якҷоя хоҳанд сӯхт, ва оташкуше нахоҳад буд.


Ва бар ҳамаи арзҳои сиҳӣ ва сарбаланди Лубнон, ва бар ҳамаи булутҳои Бошон,


Онҳо изни даҳони Маро напурсида, ба Миср фурӯд меоянд, то ки дар таҳти ҳимояти фиръавн бошанд, ва дар сояи Миср паноҳ баранд.


Ба воситаи бандагони худ Худовандро таҳқир намуда, гуфтаӣ: „Бо анбӯҳи аробаҳои худ ман ба қуллаи кӯҳҳо, бар ақсои Лубнон баромадаам, ва арзҳои болобаланд ва сарвҳои гузини онро буридаам, ва ба қуллаи баландтарини он, ба боғистони ҳосилхези он расидаам;


Масеҳи Худованд, ки рӯҳи ҳаёти мо буд, дар чоҳи онҳо афтод, ки дар бораи ӯ мегуфтем: «Ба зери сояи ӯ дар миёни халқҳо зиндагӣ хоҳем кард».


Ва аз танаи навдаҳояш оташ берун омада, меваи онро сӯзонид, ва як шохаи бақувват барои чӯбдасти султон боқӣ намондааст». Ин суруди навҳа аст, ва суруди навҳа хоҳад буд.


Инак, ашшур арзест дар Лубнон, ки дорои шохаҳои зебост, ва мисли бешаи серсоя аст, ва қоматаш баланд аст, ва дар миёни анбӯҳи шохаҳо сар афрохтааст.


Аммо решаи асосиашро дар замин бимонед, ва бигзор ӯ бо бандҳои оҳан ва мис дар миёни сабзаи саҳро аз шабнами осмон тар шавад, ва бо ҳайвонот насиби ӯ алафи замин бошад;


Навдаҳояш вусъат ёфта, зебоии вай мисли дарахти зайтун, ва накҳати вай мисли ҷангали Лубнон хоҳад шуд.


Зеро ки оташе аз Ҳешбӯн баромад, ва алангае аз шаҳри Сиҳӯн; Ор‐Мӯобро сӯзонид, ва соҳибони баландиҳои Арнӯнро.


Ва гарчанде ки хурдтарини тухмҳост, чун нумӯ кунад, аз ҳамаи наботот бузургтар мешавад ва дарахт мегардад, ба тавре ки мурғони ҳаво омада, дар шохаҳояш ошьёна месозанд».


Ва ҳамаи дарахтон ба хори муғелон гуфтанд: „Ту омада, бар мо подшоҳӣ бикун“.


Ва акнун, агар шумо ҳақиқатан ва аз рӯи адолат амал намуда, Абималикро подшоҳ карда бошед, ва агар ба Ерубаал ва хонадонаш некӣ карда бошед, ва агар ба ӯ мувофиқи амали дастҳояш муносибат карда бошед, —


Вагар на, оташе аз Абималик берун омада, сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯро фурӯ хоҳад бурд, ва оташе аз сокинони Шакем ва аҳли Байт‐Миллӯ берун омада, Абималикро фурӯ хоҳад бурд».


Ва Абималик ва дастае ки бо ӯ буданд, хамла оварда, дар даҳани дарвозаи шаҳр истоданд, ва ду дастаи дигар бар ҳамаи онҳое ки дар саҳро буданд, ҳуҷум карда, онҳоро зарба заданд.


Ва тамоми қавм низ, ҳар яке шохаи худро бурида аз ақиби Абималик рафтанд, ва онҳоро дар гирди бурҷ гузошта, ба воситаи онҳо бурҷро оташ доданд; ва ҳамаи одамони бурҷи Шакем низ, ки тақрибан ҳазор мард ва зан буданд, мурданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan