14 Ва ҳамаи дарахтон ба хори муғелон гуфтанд: „Ту омада, бар мо подшоҳӣ бикун“.
Ва Юош, подшоҳи Исроил, ба Амасьё, подшоҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфт: „Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ“. Валекин ҳайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намуд.
Вале токи ангур ба онҳо гуфт: „Оё шираи худро, ки Худо ва одамонро дилшод мегардонад, ман тарк кунам ва рафта овора шавам, то ки бар дарахтон нигаҳбонӣ намоям?“
Ва хори муғелон ба дарахтон гуфт: „Агар ҳақиқатан шумо маро бар худ ба подшоҳӣ тадҳин мекарда бошед, пас биёед ва дар сояи ман паноҳ баред; вагар на, оташе аз хори муғелон берун омада, арзҳои Лубнонро фурӯ хоҳад бурд“.