13 Вале токи ангур ба онҳо гуфт: „Оё шираи худро, ки Худо ва одамонро дилшод мегардонад, ман тарк кунам ва рафта овора шавам, то ки бар дарахтон нигаҳбонӣ намоям?“
«Ба масеҳони Ман даст нарасонед, ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед».
Бӯзаро ба гирифтори ҳалокат бидеҳ, ва шаробро — ба ҷонҳои талхком.
Барои кайфу сафо базм мекунанд, ва шароб ҳаёташонро шод мегардонад, ва нуқра ҳар чизро барояшон муҳайё менамояд.
Дар дили худ аҳд кардам, ки ҷисми худро бо шароб лаззат диҳам ва, дар сурате ки дилам бо ҳикмат рафтор мекунад, ҳамоқатро низ нигоҳ дорам, то бубинам, ки кадомаш барои банӣ‐одам хуб аст, ки онро дар таҳти осмон дар айёми ками ҳаёти худ ба амал оваранд.
Ва барои ҳадияи рехтанӣ ним ҳин шароб биёр, то ки атри гуворо барои Худованд бишавад.
Ва барои ҳадияи рехтанӣ чорьяк ҳин шароб бо қурбонии сӯхтанӣ ё бо забҳ барои ҳар барра биёр.
Ва барои ҳадияи рехтанӣ сеяк ҳин шароб биёр, то ки атри гуворо барои Худованд бишавад.
Ва дарахтон ба токи ангур гуфтанд: „Ту омада, бар мо подшоҳӣ бикун“.
Ва ҳамаи дарахтон ба хори муғелон гуфтанд: „Ту омада, бар мо подшоҳӣ бикун“.