Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 9:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Ва Абималик ибни Ерубаал назди бародарони модараш ба Шакем рафт; ва ба онҳо ва ба тамоми қабилаи хонадони падари модараш сухан ронда, гуфт:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 9:1
13 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб аз Фаддони Арам баргашта, сиҳат саломат ба шаҳри Шакем, ки дар замини Канъон аст, омад ва дар рӯ ба рӯи шаҳр манзил кард.


Ва Шакем, писари Ҳамӯри ҳиввӣ, ки амири он замин буд, ӯро дид, ва ӯро гирифт, ва бо ӯ хобид, ва ба номӯси ӯ таҷовуз кард.


Ва Абшолӯм бо ҳамаи исроилиёне ки барои мурофиа назди подшоҳ меомаданд, ҳамин тавр рафтор мекард; ва Абшолӯм дили мардуми Исроилро мерабуд.


Ва Раҳабъом ба Шакем рафт, зеро ки тамоми Исроил ба Шакем омаданд, то ки ӯро подшоҳ кунанд.


Ва чун тамоми Исроил шуниданд, ки Ёробъом баргаштааст, фиристода ӯро назди ҷамоат хонданд, ва ӯро бар тамоми Исроил подшоҳ карданд; хонадони Довудро ҳеҷ кас, ғайр аз сибти Яҳудо, тарафдорӣ накард.


Ва фиристода, ӯро хонданд; ва Ёробъом ва тамоми ҷамоати Исроил омаданд, ва ба Раҳабъом сухан ронда, гуфтанд:


Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».


Ҳаштод нафар одамони ришҳошон тарошида, либосҳошон чокзада ва баданҳошон харошида аз Шакем, Шилӯ ва Сомария омаданд, ва дар дасташон ҳадияҳо ва лебӯно буд, ки онро мехостанд ба хонаи Худованд биёранд.


Ва Қодешро дар Ҷалил дар кӯҳи Нафтолӣ, ва Шакемро дар кӯҳи Эфроим, ва Қирьят‐Арбаъро, ки Ҳебрӯн бошад, дар кӯҳи Яҳудо таъин карданд.


Ва Ҷидъӯн ҳафтод писар дошт, ки аз камари ӯ ба вуҷуд омада буданд, зеро ки занонаш бисьёр буданд.


Ва суррияе ки ӯ дар Шакем дошт, вай низ барои ӯ писаре зоид, ва ӯ ин писарро Абималик ном монд.


Ва ба хонадони Ерубаал, ки Ҷидъӯн бошад, ба хотири тамоми некие ки ӯ ба Исроил карда буд, эҳсон нанамуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan