7 Ва Ҷидъӯн гуфт: «Ба ин сабаб, вақте ки Худованд Забаҳ ва Салмуноъро ба дасти ман таслим намояд, ман гӯшти бадани шуморо бо хорҳои биёбон ва бо янтоқҳо хоҳам кӯфт».
Ва ҳамин ки Ҷидъӯн ҳикояти хоб ва таъбири онро шунид, саҷда бурда, ба ӯрдуи Исроил баргашт, ва гуфт: «Бархезед! Зеро ки Худованд ӯрдуи Мидьёнро ба дасти шумо таслим кардааст».
Ва ӯ ба мардуми Суккӯт гуфт: «Лутфан, ба қавме ки дар ақиби ман равонанд, нон бидиҳед, зеро ки онҳо монда шудаанд, ва ҳол он ки ман подшоҳони Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро таъқиб менамоям».