Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 8:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Вале мирони Суккӯт гуфтанд: «Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба лашкари ту нон диҳем?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 8:6
11 Iomraidhean Croise  

Ва ин аст номҳои писарони Исмоил, номҳои онҳо мувофиқи насаби онҳо; нахустзодаи Исмоил Набойӯт, Қедор, Адбаил, Мибсом,


Ва барои нон хӯрдан нишастанд, ва чашм андохта, диданд, ки инак, корвони исмоилиён аз Ҷилъод меояд, ва шутурони онҳо атриёт, баласон ва лодан мекашонанд; мераванд, то ки онро ба Миср бибаранд.


Ва ҳангоме ки тоҷирони мидьёнӣ аз пеши онҳо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ кашида бароварданд, ва Юсуфро ба исмоилиён ба бист сиккаи нуқра фурӯхтанд; ва Юсуфро ба Миср бурданд.


Ва подшоҳи Исроил ҷавоб гардонида, гуфт: «Бигӯед: „Он ки шамшер ба камар мебандад, набояд мисли он ки шамшер аз камар мекушояд, фахр намояд“».


Ва Юош, подшоҳи Исроил, ба Амасьё, подшоҳи Яҳудо, фиристода, гуфт: «Мушхоре ки дар Лубнон аст, ба арзе ки дар Лубнон аст, фиристода, гуфт: „Духтари худро ба писари ман ба занӣ бидеҳ“. Валекин ҳайвони даштие ки дар Лубнон аст, гузар карда, мушхорро поймол намуд.


Бенаво бо зорӣ сухан меронад, вале сарватдор бо дуруштӣ ҷавоб медиҳад.


Чунки ҳама нафъи худро толибанд, на он чиро, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ дорад.


Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.


Ва ӯ назди мардуми Суккӯт омада, гуфт: «Инак Забаҳ ва Салмуноъ, ки дар бораи онҳо шумо тамасхур намуда, гуфтед: „Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба одамони хастаи ту нон диҳем?“»


Ва ӯ ба мардуми Суккӯт гуфт: «Лутфан, ба қавме ки дар ақиби ман равонанд, нон бидиҳед, зеро ки онҳо монда шудаанд, ва ҳол он ки ман подшоҳони Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро таъқиб менамоям».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan