Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 8:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ӯ ба мардуми Суккӯт гуфт: «Лутфан, ба қавме ки дар ақиби ман равонанд, нон бидиҳед, зеро ки онҳо монда шудаанд, ва ҳол он ки ман подшоҳони Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро таъқиб менамоям».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 8:5
11 Iomraidhean Croise  

Ва Малкисодақ подшоҳи Салим, нон ва май баровард, ва ӯ коҳини Худои Таоло буд.


Вале Яъқуб ба Суккӯт равона шуд, ва хонае барои худ бино кард, ва барои чорвои худ соябонҳо сохт. Аз ин сабаб он мавзеъро Суккӯт номид.


Зеро ки Ту, эй Худо, назрҳои маро шунидаӣ, ва мероси тарсгорони исми Худро ато кардаӣ.


Аз он сабаб ки онҳо шуморо, вақте ки аз Миср берун омадед, дар роҳ бо нон ва об пешвоз нагирифтанд, ва аз он сабаб ки вай Билъом ибни Баӯрро аз Фатӯри Байнаннаҳрайн ба муқобили ту киро кард, то ки туро лаънат гӯяд,


Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.


Ва Забаҳ ва Салмуноъ дар Қарқӯр буданд, ва ӯрдуи онҳо тақрибан аз понздаҳ ҳазор нафар иборат буд, ки инҳо аз тамоми ӯрдуи аҳли машриқ боқӣ монда буданд, чунки саду бист ҳазор нафар мардони ҷангӣ несту нобуд шуда буданд.


Забаҳ ва Салмуноъ рӯ ба гурез оварданд, ва ӯ онҳоро таъқиб менамуд, ва ду подшоҳи Мидьён, Забаҳ ва Салмуноъро дастгир кард, ва тамоми ӯрду ба ҳарос афтоданд.


Ва ӯ назди мардуми Суккӯт омада, гуфт: «Инак Забаҳ ва Салмуноъ, ки дар бораи онҳо шумо тамасхур намуда, гуфтед: „Магар кафи Забаҳ ва Салмуноъ аллакай дар дасти туст, то ки ба одамони хастаи ту нон диҳем?“»


Ва Абиҷайл шитобон дусадто нон, ва ду машк шароб, ва панҷ гӯсфанди пухта, ва панҷ сео хӯшабирьён, ва сад сар мавизи соягӣ, ва дусад қурс анҷир гирифта, ба харҳо бор кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan