4 Ва Ҷидъӯн ба Урдун расид; ӯ ва сесад нафаре ки ҳамроҳаш буданд, убур карданд. Онҳо монда шуда буданд, вале ҳанӯз таъқиб менамуданд.
Бинобар ин мо ноумед намешавем, ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад.
Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
Ва ду мири Мидьён — Ӯриб ва Заибро дастгир карда, Ӯрибро дар Сур‐Ӯриб, ва Заибро дар Еқеб‐Заиб куштанд, ва Мидьёнро таъқиб карданд; ва каллаи Ӯриб ва Заибро аз он тарафи Урдун назди Ҷидъӯн оварданд.
Мирони Мидьён, Ӯриб ва Заибро Худо ба дасти шумо таслим намуд, ва ман чӣ коре мисли шумо метавонистам бикунам?» Вақте ки ӯ ин суханонро гуфт, хашмашон аз ӯ фурӯ нишаст.
Ва Довуд бо чорсад нафар дунболагириро давом дод, вале дусад нафаре ки хаста шуда, натавониста буданд аз рӯди Басӯр бигзаранд, бозистоданд.
Ва Довуд аз Худованд пурсида, гуфт: «Оё ин фавҷро дунболагирӣ намоям? Оё ба онҳо метавонам бирасам?» Ва ба ӯ гуфт: «Дунболагирӣ намо! Зеро ки ҳатман ба онҳо хоҳӣ расид ва раҳо хоҳӣ кард».