35 Ва ба хонадони Ерубаал, ки Ҷидъӯн бошад, ба хотири тамоми некие ки ӯ ба Исроил карда буд, эҳсон нанамуданд.
Ва подшоҳ Еҳӯош эҳсонеро, ки падари ӯ Еҳӯёдоъ ба вай карда буд, ба хотир наоварда, писарашро ба қатл расонид. Ва ӯ дар вақти мурданаш гуфт: «Худованд инро бубинад ва бозхост намояд!»
Ва дар он рӯз ӯро Ерубаал номида, гуфт: «Бигзор Баал бо ӯ талош намояд, зеро ки курбонгоҳи варо вайрон кардааст».
Ва Абималик ибни Ерубаал назди бародарони модараш ба Шакем рафт; ва ба онҳо ва ба тамоми қабилаи хонадони падари модараш сухан ронда, гуфт:
Ва ӯ ба хонаи падараш ба Ӯфро омада, бародарони худ, писарони Ерубаалро, ки ҳафтод нафар буданд, бар як санг кушт; вале Ютом, писари хурдии Ерубаал, зинда монд, чунки пинҳон шуд.