Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 8:33 - Китоби Муқаддас 1992 1999

33 Ва чунин воқеъ шуд, ки чун Ҷидъӯн вафот ёфт, банӣ‐Исроил аз нав ба ибодати Баалҳо дода шуданд, ва Баал‐Бритро худои худ донистанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 8:33
17 Iomraidhean Croise  

Ва Еҳӯош он чиро, ки дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, то даме ки Еҳӯёдои коҳин ӯро таълим медод.


Ки онҳо ба воситаи хобҳои худ, ки ба ҳамдигар нақл мекунанд, мехоҳанд қавми Маро ба фаромӯш кардани исми Ман оварда расонанд, чунон ки падарони онҳо исми Маро аз барои Баал фаромӯш карданд?


Ва воқеъ шуд, ки вай дар зинои худ сабукрафторӣ карда, заминро палид намуд, ва бо санг ва чӯб зино кард.


Ва Исроил дар тамоми айёми Еҳушаъ ва дар тамоми айёми пироне ки баъд аз Еҳушаъ зинда буданд ва ҳамаи корҳои Худовандро, ки барои Исроил карда буд, медонистанд, Худовандро ибодат намуданд.


Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Баалҳо, ва Аштораҳо, ва худоёни Арам, ва худоёни Сидӯн, ва худоёни Мӯоб, ва худоёни банӣ‐Аммӯн, ва худоёни фалиштиёнро ибодат мекарданд; ва Худовандро тарк намуданд, ва Ӯро ибодат намекарданд.


Ва Худованд Худои падарони худро, ки онҳоро аз замини Миср берун оварда буд, тарк карданд, ва худоёни дигарро аз байни худоёни қавмҳое ки дар гирду пешашон буданд, пайравӣ намуда, ба онҳо саҷда бурданд, ва Худовандро ба ғазаб оварданд.


Вале онҳо ба доварони худ низ итоат надоштанд, зеро ки гумроҳ шуда, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд ва ба онҳо саҷда мебурданд; аз роҳе ки падаронашон бо он рафтор намуда, ба аҳкоми Худованд итоат мекарданд, бо зудӣ дур шуданд, ва мисли онҳо амал накарданд.


Ва ҳамин ки довар вафот меёфт, онҳо аз нав, аз падарони худ зиёдтар фосид гардида, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд, онҳоро ибодат намуда, саҷда мебурданд, аз корҳои зишт ва роҳи бади худ ҳеҷ даст намекашиданд.


Ва банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд, ва Худованд Худои худро фаромӯш намуда, Баалҳо ва бутҳои Ашераро ибодат карданд.


Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.


Ва Ҷидъӯн ибни Юош дар пирии некӯ вафот ёфт, ва дар мақбараи падараш Юош дар Ӯфрои Абиэзрӣ дафн карда шуд.


Ва ба саҳро баромада, ҳосили токҳои худро чиданд, ва онро дар чархуштҳо фишурда, базмҳо барпо карданд, ва ба хонаи худои худ омада, хӯрданд ва нӯшиданд ва Абималикро лаънат гуфтанд.


Ва аз хонаи Баал‐Брит ҳафтод сиқл нуқра ба ӯ доданд; ва Абималик одамони бемулоҳиза ва лоуболро ба он нуқра киро кард, ва онҳо аз ақиби ӯ рафтанд.


Ва ҳамаи сокинони бурҷи Шакем инро шунида, ба бурҷи Байт‐Ил‐Брит омаданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan