31 Ва суррияе ки ӯ дар Шакем дошт, вай низ барои ӯ писаре зоид, ва ӯ ин писарро Абималик ном монд.
Ва Ҳоҷар ба Абром писар зоид; ва Абром писари худро, ки Ҳоҷар зоид, Исмоил ном ниҳод.
Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст». Ва Абималик подшоҳи Ҷарор одам фиристода, Сороро гирифт.
Ва суррияи ӯ, ки Реумо ном дошт, вай низ Табаҳ, Ҷаҳам, Таҳаш ва Маъкоро зоид.
Ва Ҷидъӯн ҳафтод писар дошт, ки аз камари ӯ ба вуҷуд омада буданд, зеро ки занонаш бисьёр буданд.
Ва Ҷидъӯн ибни Юош дар пирии некӯ вафот ёфт, ва дар мақбараи падараш Юош дар Ӯфрои Абиэзрӣ дафн карда шуд.
Вале шумо имрӯз бар хонадони падарам қиём намуда, ҳафтод нафар писарони ӯро бар як санг куштед, ва писари канизи ӯ — Абималикро бар сокинони Шакем подшоҳ кардед, зеро ки вай бародари шумост!