30 Ва Ҷидъӯн ҳафтод писар дошт, ки аз камари ӯ ба вуҷуд омада буданд, зеро ки занонаш бисьёр буданд.
Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд.
Ҳамаи касоне ки бо Яъқуб ба Миср омаданд, онҳое ки аз камари ӯ рӯидаанд, ғайр аз занони писарони Яъқуб, ҷамъ шасту шаш нафар буданд.
Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ аз боиси оби тӯфон ба киштӣ даромаданд.
Ва ӯ ҳафтсад зани бону ва сесад суррия дошт; ва занонаш дили ӯро фосид карданд.
Ва Аҳъоб дар Сомария ҳафтод писар дошт. Ва Еҳу мактубҳо навишта, ба Сомария ба сарварони Изреъил, ба пирон ва мураббиёни банӣ‐Аҳъоб фиристода, гуфт:
Ва тамоми нуфусе ки аз камари Яъқуб ба вуҷуд омаданд, ҳафтод нафар буданд; ва Юсуф дар Миср буд.
Ва оё онҳоро Худои Ягона, ки ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳ ба Ӯ тааллуқ дорад, наофаридааст? Ва Он Ягона чиро хоҳон аст? Насли Худоро хоҳон аст. Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавонин худ хиёнат накунад.
Ва бигзор вай занонро барои худ афзун нанамояд, то ки дилаш фосид нашавад; ва бигзор нуқра ва тиллоро барои худ бисьёр афзун накунад.
Ва ӯ сӣ писар дошт, ки бар сӣ харкурра савор мешуданд, ва онҳо сӣ шаҳр доштанд; онҳо то имрӯз деҳоти Ёир номида мешаванд, ки дар замини Ҷилъод воқеанд.
Ва ӯ чил писар ва сӣ набера дошт, ки бар ҳафтод харкурра савор мешуданд; ва ӯ ҳашт сол бар Исроил доварӣ намуд.
Ва ӯ сӣ писар дошт, ва сӣ духтарашро берун бароварда, аз берун барои писаронаш сӣ духтар гирифта буд; ва ӯ ҳафт сол бар Исроил доварӣ намуд.
Ва суррияе ки ӯ дар Шакем дошт, вай низ барои ӯ писаре зоид, ва ӯ ин писарро Абималик ном монд.
Ва Абималик ибни Ерубаал назди бародарони модараш ба Шакем рафт; ва ба онҳо ва ба тамоми қабилаи хонадони падари модараш сухан ронда, гуфт:
Вале шумо имрӯз бар хонадони падарам қиём намуда, ҳафтод нафар писарони ӯро бар як санг куштед, ва писари канизи ӯ — Абималикро бар сокинони Шакем подшоҳ кардед, зеро ки вай бародари шумост!
«Лутфан, дар гӯшҳои ҳамаи сокинони Шакем бигӯед: „Барои шумо кадомаш беҳтар аст: оё бар шумо ҳафтод нафар, яъне ҳамаи писарони Ерубаал салтанат ронанд, ё ки бар шумо як нафар салтанат ронад?“ Ва ба ёд оваред, ки ман устухон ва гӯшти шумо ҳастам».
Ва ӯ ба хонаи падараш ба Ӯфро омада, бародарони худ, писарони Ерубаалро, ки ҳафтод нафар буданд, бар як санг кушт; вале Ютом, писари хурдии Ерубаал, зинда монд, чунки пинҳон шуд.