27 Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.
Бигзор онҳо дар замини ту сукунат надошта бошанд, мабодо туро бар зидди Ман осӣ гардонанд, ва ту худоёни онҳоро ибодат намоӣ, ва ин барои ту санги роҳ гардад».
Ва онҳоро аз дасташон гирифта, бо қалами ҳаккокӣ ба шакле даровард, ва гӯсолаи рехтае аз он сохт; ва гуфтанд: «Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!»
Ва асбоби зебу зинати худро, ки аз он мебошад, онҳо боиси ифтихор гардонидаанд, ва бутҳои зишт ва қабеҳи худро аз он сохтаанд; барои ҳамин ҳам Ман онро барояшон ба чизи наҷисе табдил хоҳам дод.
Ва он панҷ нафар, ки барои ҷосусии замин рафта буданд, баромада, ба он ҷо дохил шуданд, ва санам ва эфӯд ва трофим ва бутро гирифтанд, дар сурате ки коҳин бо он шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ дар даҳани дарвоза истода буд.
Ва фариштаи Худованд омада, зери дарахти пистае ки дар Ӯфро аз они Юоши Абиэзрӣ буд, нишаст, ва писараш Ҷидъӯн гандумро дар чархушт мекӯфт, то ки онро аз Мидьён пинҳон кунад.
Ва вазни гӯшвораҳои тиллое ки ӯ талабид, ҳазору ҳафтсад сиқли тилло буд, ғайр аз ҳилолҳо ва ҳалқаҳо ва либосҳои арғувоне ки бар подшоҳони Мидьён буд, ва ғайр аз гарданбандҳое ки бар гардани шутурҳошон буд.